АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Кулчая ба чўпон диҳем,
Чўпон ба мо барра диҳад,
Баррая ба бозор барем.
Китоба аз дукон харем,
Китоба мо хонда шавем,
Китоб ба мо савод диҳад.
ЯК ДОНА МАРВОРӢ
Як дона марворӣ,
Ду дона марворӣ.
Ман банда ба саракат,
Тарбузи ғелон ворӣ.
Ман банда ба пешонӣ,
Тахти Сулаймон ворӣ.
Ман садқа ба гўшакат,
Гўшвори овезон ворӣ.
Ман банда ба чашмонат,
Мушки Ҳиндустон ворӣ.
Ман банда ба дандонат,
Ёқуту марҷон ворӣ.
Ман банда ба дастакат,
Дасти ҳунардон ворӣ.
Ман банда ба поякат,
Кафши дав-давон ворӣ.
Ман банда ба қадакат,
Химчаи ларзон ворӣ.
Ман банда ба рафторат,
Кабки хиромон ворӣ.
ЧӢ ГАЗИД?
Э, вой, мана дупар газид!
- Чӣ газид? Ғунда газид?
Дар болои кунда газид?
Э кошкӣ ғунда мегазид,
Болои кунда мегазид,
Э вой, мана дупар газид. - Гў, чӣ газид? Мор газид?
Дарози думдор газид?
Э кошкӣ мор мегазид,
Дарози думдор мегазид, - Э, вой, мана дупар газид!
- О, чӣ газид? Мўрча газид?
Дар хамаки кўча газид? - Э кошки мўрча мегазид,
Миёни кўча мегазид,
Э вой, мана дупар газид! - О, чӣ газид? Гурба газид?
Дар пуштаки тўрба газид? - Э кошкӣ гурба мегазид,
Дар пушти тўрба мегазид,
Э вой, мана дупар газид. - О, чӣ газид? Хар газид?
Дар лабаки ҷар газид? - Э кошки хар мегазид,
Дар лабаки ҷар мегазид,
Э вой, мана дупар газид! - О, чӣ газид? Зоғча газид?
Дар болои шохча газид? - Э, кошки зоғча мегазид,
Болои шохча мегазид, - Э вой мана дупар газид?
- Вай саласурхи дупара,
Миёнборики ҷангара,
Дорад ба қассоб рафтуо,
Нўги думаш неши бало.
Дар боғ дорад хонаҳо.
Дар дасту пояш шонаҳо. - О, чӣ газид? Ору газид?
- Ҳа, ҳа, худи ору газид!
БУЗАКАМ ЧИГӢ-ЧИГӢ
Як буз дорам, кабуд аст,
Ҷояш таги муруд даст,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё