ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
МАН АСКАРАМ ВА Ё МАН?
Баъд аз адои хидмат
Омад акои Баҳман,
Пўшоки аскариро
Вай ҳадя кард бар ман.
Чун аскарон либосаш
Як-як ба бар кашидам.
Ҳам каллапўши сабзаш
То ними сар кашидам.
Бо тасмаи базебаш
Маҳкам камар бубастам.
Оинаро гирифтам,
Бар худ назар бубастам.
Бинам, ки ман худам не,
Ман дигарам тамоман!
– Эй ошно, маро бин:
Ман аскарам ва ё ман?
СУРУДИ НАВАСКАРОН
Мо, аскарони навҷавон,
Як радда чун як тан равон,
Дар машқи ҳарбӣ мешавем
Ҳар як далеру паҳлавон.
Нақарот:
Бигзор, бошанд одамон
Осудаҳолу дар амон!
Кору гапи сулҳу ризо
Бошад гапу кори ҷаҳон!
То пуштибони халқи хеш,
То бораи кишвар шавем.
Устоди касби аскарӣ
Сар то сари лашкар шавем.
Нақарот.
Дар машқ доно мешавем,
Зўру тавоно мешавем,
Ҳомии марзу буми хеш
Дар рўи дунё мешавем.
Нақарот.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё