Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ҳоло иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Имрўз иҷрои беш аз
15 фоизи вазифаҳои масъули давлатӣ ба зиммаи занон гузошта шуда, 24 фоизи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон мебошад.
Шумораи умумии занҳо дар соҳаҳои маориф – 47, тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ – 58 , фарҳанг – 54, мақомоти судӣ – 36, соҳибкорӣ – 39, алоқа – 36, нақлиёт – 21 ва сохтмон – 13 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин дар 96 фоизи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаи яке аз муовинони раисро занон иҷро менамоянд.
Дар ҳайати Маҷлиси миллӣ 4 нафар ва Маҷлиси намояндагон 11 нафар занон фаъолият мекунанд.
Намояндагии занон дар маҷлисҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 22 фоиз, вилоятҳои Суғд – 14 фоиз, Хатлон – 18 фоиз, шаҳри Душанбе – қариб 23 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 фоизро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки тарбия кардан, пешниҳод ва ҷобаҷокунии занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва соҳибихтисос ба вазифаҳои давлатӣ дар ҳамаи мақомот ва маҳалҳо ҳанўз ҳам ба талабот ҷавобгў нест.
Ҳарчанд ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда конвенсияҳои байналхалқӣ «Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зўроварӣ нисбат ба занон» ва «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон»-ро имзо кард, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»
имзо гардид, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001– 2010» маъқул дониста шуд.

пешина
аз 127
навбатӣ