Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар давоми солҳои 2003–2005 барои дастёбии занони деҳот ба замин, таъсиси марказҳои кўмак ба занон, омўзиши соҳибкорӣ ва ёрии фавқулодда ба хоҷагиҳое, ки дар онҳо занон роҳбар ҳастанд, дар доираи лоиҳаҳои кўмаки беруна 57 миллион сомонӣ ҷудо ва азхуд карда шуд.
Ҳамчунин бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2004–2005 аз ҷониби бонкҳо ва созмонҳои дигари молиявӣ ба 72 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз 351 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки қисми бештари он барои фаъолияти соҳибкории занон равона гардидааст.
Танҳо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар солҳои 1999–2005 ба 25 ҳазор занон ба маблағи 92 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод намуд, ки ин шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат мебошад.
Ҳоло барои татбиқи лоиҳаи тандурустии модар ва кўдак зиёда аз 12 миллион сомонӣ ва лоиҳаи ҳифзи модару кўдак беш аз 19 миллион сомонӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Бо интишори Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва ҳамчунин қабул шудани Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон вазъи иштирок ва фаъолияти занон дар идораи корҳои давлати хеле қувват гирифт.
Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт. Ҳамзамон ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо таҳти таваҷҷўҳи ҷиддии Ҳукумат қарор дода шуд.

пешина
аз 127
навбатӣ