Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ сулҳи миёни тоҷиконро чун таҷрибаи нодири таърихӣ эътироф намудааст, ки саҳми модарону хоҳарони мо дар пирўзии ақли солим, сулҳу ваҳдат ва суботи мамлакат хеле бузург аст. Мо дигар ҳаргиз намегузорем, ки бинобар кашмокашиҳои сиёсӣ модари тоҷик ашки талх бирезад ва фарзандаш ятиму хонаводааш бепарастор монад.
Зан-модар вазифаи басо муқаддасу пурмасъулият – тавлиду тарбияи фарзанд ва дар ниҳоди ў парваридани арзишҳои наҷиби инсонӣ – амсоли меҳанпарастӣ, адолатҷўӣ, башардўстӣ, дифоъ аз оинҳои миллӣ, ҷавонмардӣ ва накўкориро бар дўш дорад. Модари тоҷик имрўз бонуест ҳамидаву меҳрубон, нексиришту ботамкин ва қавииродаю шуҷоатманд, ки рисолати модариву қарзи шаҳрвандиашро бо ҳисси масъулиятшиносӣ адо намуда, сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидааст. Дар раванди сифатан нави таърихиву сиёсии Тоҷикистон занон мақому манзалати худро шинохта, бо фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза фазои ҷомеаи моро ҳусни хоса мебахшанд.
Дар шароити имрўзаи тараққиёти Тоҷикистон занону модарони тоҷик, ки зиёда аз нисфи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд, дар тарбияи насли нав, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, бозёфтҳои эҷодиву фарҳангӣ ва махсусан дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши бузург доранд. Онҳо бо нерўи созандагиву бунёдкорӣ дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизамонро афзун месозанд.
Имрўз занони тоҷик дар зинаҳои гуногуни сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ фаъолият намуда, барои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаёт ҳисса мегузоранд.

пешина
аз 127
навбатӣ