Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Талаботи ноҳияҳо ба қадрҳои дорои ин ё он ихтисос ба инобат гирифта намешавад. Робитаи ҳукуматҳои маҳаллӣ бо фиристодагони худ ба роҳбарияти мактабҳои олӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Духтарони донишҷў бо ғамхории лозима аз тарафи масъулони ҳукуматҳо ва ҷойи таҳсилашон фаро гирифта нашудаанд. Фаромўш набояд кард, ки вазифаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти дигари дахлдор танҳо бо фиристодани духтарон ба таҳсил ва иҷрои нақша ба охир намерасад. Дастгирии моддӣ ва ғамхории ҳамаҷонибаи онҳо бояд як амали доимии мақомоти зикршуда бошад. Зеро натиҷаи ҳамин беэътиноист, ки танҳо аз чор донишгоҳи пойтахт дар шаш соли охир қариб 200 нафар духтарон таҳсилро тарк кардаанд ё аз мактабҳои олӣ хориҷ карда шудаанд.
Бо истифода аз фурсат таваҷҷўҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, Вазорати маориф, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила, инчунин Кумитаи кор бо ҷавононро, ки намояндагонашон дар толор ҳузур доранд, бори дигар ба аҳамияти ин масъала ҷалб менамоям. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва глобализатсияи проблемаҳои ҷаҳонӣ масъалаи баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва маърифати занону духтарон рўз то рўз аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рў, ғамхорӣ дар ҳаққи таҳсили ҷавонон, аз ҷумла духтарони маҳалҳои дурдаст ғамхорӣ дар ҳаққи ояндаи миллат, густариши маърифати ҷомеа ва ба ин восита таҳкими қудрати Ватан аст. Дар хотир бояд дошт, ки зан ва модари бомаърифат муайянкунанда ва созандаи маърифати миллат аст.
Мо пайвастан ба ҷомеаи мутамаддин ва пешрафтаро мақсаду мароми худ қарор додаем. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд сатҳи маърифати миллатро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои тамаддуни муосир баҳраварро тарбия намоем.

пешина
аз 127
навбатӣ