ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Иттиҳодияву созмонҳои занон дар самтҳои маърифати ҳуқуқӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва таълиму тарбияи занону духтарон бисёр корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд, вале ин ҳанўз кам аст. Боварӣ ҳаст, ки онҳо дар оянда низ фаъолияти худро дар ин самт ва дигар самтҳои судбахш, аз ҷумла дар масъалаи тарбияи маънавӣ ва ахлоқии занону духтарон идома ва ривоҷ хоҳанд дод.
Ҳамаи ин корҳо хеле хуб ва заруранд. Лекин ман бисёр мехостам, ки ин созмону иттиҳодияҳо мустақиман ё дар ҳамкорӣ бо созмонҳову фондҳои байналхалқӣ ба масъалаи сохтани корхонаву фабрикаҳои хурд ва ба ин васила бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, хусусан дар марказҳои ноҳияву деҳот, диққати махсус диҳанд.
Аз маблағи худ ё аз ҳисоби ёрии бебозгашти созмону хазинаҳои байналхалқӣ гузаронидани семинару конфронсу маҷлисҳо, албатта, беманфият нест.
Вале агар ба ҳамин маблағ корхонаи хурде сохта, як миқдор занону духтарон бо кор таъмин карда шаванд, самараи фаъолияти шумо барои ҷамъият ва давлат аҳамияти даҳчанд пайдо мекунад.
Агар чунин иқдомот аз ҷониби иттиҳодияву созмонҳо ва шахсони алоҳида пеш гирифта шавад, Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳои давлатӣ онҳоро ҳамаҷониба бояд дастгирӣ кунанд.
Модарону хоҳарони гиромӣ!
Имсол барои халқи мо соли махсус ва ниҳоят пурмасъулият аст. Мо ҷашни 1100-солагии давлати Сомониёнро таҷлил мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё