Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Ба ин чӣ гуна бояд баҳо дод? Бечунучаро, баҳои комилан манфӣ. Зеро бисёрзанӣ ин таҳқир нисбат ба зан-модар аст ва сабабгори бадбахтии бисёр оилаҳо мегардад.
Марде, ки бори ду-се оиларо ба дўш гирифтааст, гумон аст, ки аз ўҳдаи саробонии ҳамаи онҳо баромада тавонад. Ва аз ин рў, ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки худро сарпарасту пуштибони воқеии онҳо ҳисобад.
Аз ҷониби дигар, зане ки дидаву дониста ба марди зану фарзанддор мерасад, дар заминаи бадбахтии як хонадон ҳаргиз оилаи хушбахт бино карда наметавонад.
Ҳамаи оилаҳои марди ду-сезана ноқисанд ва фарзандон аз тарбия ва меҳру муҳаббати арзанда бенасибанд. Дар чунин оилаҳо дилхунукӣ ва норизоӣ мудом ҷой дорад.
Як сабаби барҳам хўрдани оилаҳо, авҷ гирифтани ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ба роҳи ношоиста рафтани занону духтарон низ ҳамин аст.
Бинобар ин, масъалаи бисёрзанӣ ин масъалаи фақат оилаҳои ҷудогона ё доираи муайяни одамон нест. Ин дарди ҷомеа, нанги ҷомеа аст.
Фаромўш набояд кард, ки ҳар як оила чӣ қадар солим ва мустаҳкам бошад, ҷомеа низ ба ҳамон андоза солим ва мустаҳкам мегардад.
Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки нишонаи солим будани оила ва камолоти ҷомеа пеш аз ҳама муносибати ғамхорона ба зан-модар, зан-мураббии фарзандон ва нигоҳдорандаи чароғи хонадон аст.
Беҳуда нагуфтаанд: вақте ки мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя мерасонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад.
Ба ин хотир дар ҳар оила, дар тамоми ҷомеа бояд рўҳияи эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ба вуҷуд оварда шавад, мақоми ў ҳамеша баланд бошад, ҳуқуқҳояш ҳаргиз поймол нагарданд.

пешина
аз 127
навбатӣ