ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ДАР МАҲФИЛИ БОШУКЎҲ БА ИФТИХОРИ ИДИ БОНУВОН
(7 марти соли 1998)
Модарону хоҳарони азиз!
Пагоҳ ҷашни фархундаи Ҳаштуми март – иди модарону хоҳарони азизу меҳрубони мо фаро мерасад.
Иди тамоми духтарону занони зебо, покдоман ва баномуси тоҷик, ки чун як пора ёқути обдори сарзамини аҷдодӣ ангуштнамо ҳастанд.
Бузургони олам дар назди қадру қимати зан сари таъзим фуруд оварда, борҳо таъкид кардаанд, ки зан воқеан бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад.
Пеш аз гуфтаниҳои дигар ҳар кадоми шуморо, ки дар ин толори идона ҳузур доред ва дар шахси шумо ҳамаи занону духтарони сарзамини Тоҷикистонро ба ифтихори ин ҷашни бошукўҳ самимона табрику таҳният мегўям.
Ҳаштуми март воқеан яке аз зеботарин ҷашнҳои сол мебошад. Ин рўзро ҳамаи мо бо як эҳсоси гарм ва хушҳолӣ пешвоз мегирем, зеро он ҷашни хосаи занону модарони мо – тарбиятгарони наслҳои башарият, офарандагони нуру зебоӣ ва покизагӣ мебошад.
Мо Ҳаштуми мартро имсол дар шароити сифатан нави таърихиву сиёсӣ ҷашн мегирем, зеро бо кўшишҳои пайгиронаи Ҳукумат ва халқи Тоҷикистон ниҳоят фазои дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ дар кишвари азизи мо бо имзои санади сулҳ таъмин гардид.
Фикр мекунам, ки ин тўҳфаи пурбаҳое ба иди имсолаи занону модарони тоҷик мебошад. Чунки зан – модар ба сулҳу оромӣ ҳам дар хонадон ва ҳам дар ҷомеа зиёдтар аз ҳама ниёзманд аст.
Тамоми шахсиятҳои бузурги олам – шоҳону вазирон, ҳокимону амирон, сипаҳсолорону донишмандон ва адибону ҳунармандон, ки инсоният бо номи онҳо ифтихор дорад, зодаву парвардаи зан-модар мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё