Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Агар ба таърихи начандон дури ҷумҳуриамон назар афканем, мебинем, ки аз солҳои 20-ум сар карда, Тоҷикистон аз ҷиҳати афзоиши аҳолӣ дар қаламрави собиқ шўравӣ яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамуд.
Инро ҳам бояд дар назар дошт, ки вазифаи модар фақат аз таваллуд кардану ба ҳоли худ ҳавола сохтани фарзанд иборат нест. Ҳамаҷониба тарбия намудан ва солим ба воя расонидани он низ вазифаи аввалиндараҷа ва қарзи падару модар аст.
Дар ин маврид хотирнишон карданиам, ки бо фарзандони носолим ҷамъияти солим сохтан аз имкон берун аст. Барои ҳамин ҳар як падару модар бояд дар назди ҷамъият масъулият ҳис намояд ва дар ҳалли масъалаи мазкур нақши модарон бояд самарабахш бошад.
Албатта, ҳар модари серфарзанд сазовори эҳтиром аст, вале дар айни замон фаромўш набояд кард, ки оилаи серфарзанд дар масъалаи таъмини хўрду хўрок, сарулибос ва тарбияи кўдакон ба чӣ қадар мушкилот дучор мешавад.
Воқеият ва рафти зиндагӣ дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки фақат серфарзандӣ омили тараққиёти ҷомеа ва нишонаи камолоти миллат шуда наметавонад.
Таҷрибаи кишварҳои пешқадами ҷаҳонро, ки бо вуҷуди баланд будани сатҳи зиндагиашон серфарзандӣ маъмул нест, омўзем. Мо низ бояд сиҳатии модаронро таъмин кунем ва фарзандони солимро тарбия намоем, ба онҳо касбу ҳунар омўзонем.
Вале бори дигар такрор мекунам, ки ба ин танҳо дар сурати ҳал шудани масъалаи танзими оила муваффақ шудан мумкин аст.
Бинобар ин ба кори ташвиқу тарғиб ва баланд шудани сатҳи маърифатнокии занон бояд бештар эътибор дод, то ин ки онҳо зарурати ҳалли ин масъаларо пурра дарк кунанд.

пешина
аз 127
навбатӣ