ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Таассуб ва фиребу риё дар назди Худову бандагонаш низ аз ҷумлаи аъмоли бадтарин аст.
Ҳозирини мўҳтарам!
Мо ҷамъияти воқеан мутамаддин, давлати ҳақиқатан ҳуқуқбунёд ва демокративу дунявиро танҳо он вақт сохта метавонем, ки сатҳи маърифати шаҳрвандӣ ва ҳуқуқии аҳолиро баланд бардорем.
Барои ҳалли ин масъала, ки моҳияти ҳам давлативу сиёсӣ, ҳам иҷтимоиву фарҳангӣ ва ҳам стратегӣ дорад, рушди маърифатнокии аҳли ҷомеа, хусусан занону духтарон шарти муҳимтарин аст.
Барои расидан ба ин мақсад ҷидду ҷаҳди танҳо роҳбарияти давлату ҳукумат ва мақомоти давлатӣ кофӣ нест. Албатта, Кумитаи кор бо занон ва оила дар ин самт корҳои муайянеро анҷом медиҳад.
Вале бе иштирок ва дастгирии ҳамаҷонибаи иттиҳодияву созмонҳои сершумори ғайриҳукуматии занон, бе маслиҳати судманди модарони соҳибтаҷрибаи мо аз ўҳдаи ҳаллу фасли ҳамаи ин масъалаҳо ба танҳоӣ баромадани Кумитаи кор бо занон ва оила амри маҳол аст.
Маълум аст, ки ҳар созмону иттиҳодияи шумо самти фаъолият, ҳадаф ва ҳайати муайяне дорад. Лекин боварӣ дорам, ки дар ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамаи шумо метавонед дасти ҳамдигарро бигиред.
Масъалаҳои ҳалталабе, ки барои Ватанамон, имрўзу фардои миллатамон аҳамияти тақдирсоз доранд, хеле бисёранд ва ҳамаи онҳо ба ҳамдигар вобастаанд.
Ҳалли онҳо бе иштироки фаъолона, бе кўшишу заҳмат ва ҳамкории доимии созмонҳову иттиҳодияҳои занон номумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё