Зеҳн
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намояд, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст.
Баъди чанд рўзи дигар мардуми мо тибқи таомули аҷдодӣ Наврўзи хуҷастафолро ҷашн мегиранд. Вале имсол ҷашни Наврўз дар Ватани мо ба таври махсус – дар миқёси байналмилалӣ таҷлил мегардад.
Тоҷикистон дар баробари чандин давлатҳои дигар аз ҷумлаи ташаббускорони мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврўз буд.
Аҳамияти ин ҷашни бузургро ба инобат гирифта, бояд масъулону фаъолон, бахусус занону модарон дар тозагиву зебоии манзили зист, кўчаву хиёбон, маҳаллаву деҳа ва шаҳристону шаҳрҳо саъю талош намоянд.
Дигар ин, ки мо ва хусусан занону духтарон бояд ин ҷашни бузурги миллиамонро бо сару либоси идонаи миллӣ истиқбол намоем ва нишон диҳем, ки мардуми мо аз ҷумлаи посдорандагони воқеии расму ойинҳои Наврўзи Аҷам мебошанд.
Тавъам омадани ду ҷашн - Рўзи Модар ва Наврўзи хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. Зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст:
“Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”.
Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рўзи модар ва фарорасии ҷашни ҷаҳонии Наврўз, ки бо гузашти якчанд рўз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рўзгори ободу осуда орзу менамоям.
Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

пешина
аз 127
навбатӣ