ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ман бори дигар таъкид менамоям, ки бояд пеши роҳи ҳама гуна зоҳирпарастӣ, хароҷоти беҳуда ва исрофкориҳо гирифта шавад ва онҳое, ки ба чунин амал роҳ медиҳанд, дар назди қонун ҷавоб гўянд.
Дар урфият мегўянд, ки агар зан ҳар рўз ба андозаи сари сўзан сарфа намояд, зиндагии худро ба низоми муайян медарорад.
Бинобар ин, занону модарон дар танзими расму оинҳои мардумӣ ва риояи қонуни қабулшуда бояд намунаи ибрат бошанд. Зеро татбиқи сиёсати давлат дар самти танзими расму оинҳои мардумӣ ҳам яке аз вазифаҳои асосии занон ба ҳисоб меравад.
Фаромўш набояд кард, ки занону модарони тоҷик аз азал хушрўзгору сариштакор буданд. Хусусан дар солҳои охир, ки бо сабаби бўҳронҳои пайдарпайи иқтисодӣ нарху навои молу маҳсулот, аз ҷумла маводи озуқа торафт баланд шуда истодааст, мо набояд бо исрофкорию зиёдаравӣ роҳ диҳем.
Дар хотир бояд дошт, ки исрофкорӣ ношукрӣ аст ва исрофкоронро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад.
Мо метавонем маблағҳои сарфашударо барои ободии хонаи худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, бо сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин кардани онҳо сарф намоем.
Мо ба қувваи бузурги занон эътимод дорем ва ба онҳо такя мекунем, ки барои осону содда барпо кардани маъракаҳо саҳми худро гузоранд.
Саодатмандиву сарбаландии занону модарони тоҷик ва аҳли хонадони онҳо дар маҷмўъ омили муҳими пешрафту ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё