Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Газаки халтачаи махотии сироятии мурғҳо (Инфекционный бурсит кур)
Газаки халтачаи махотии сироятии мурғҳо (infectiosis bursitis gallinarum) касалии вирусии гузарандаи мурғҳо хосса ба илтиҳоби халтачаи фабрисиевӣ, бандҳо ва рудаҳо мебошад.
Маълумотномаи таърихӣ.
Касалӣ аввалин маротиба дар соли 1956 дар Гамборо (ИМА) ба қайд гирифта шудааст. Онро аввалин маротиба Косеров (1962) ҳамчун касалии Гамборо навиштааст.
Вентерфелд ва Хитчнер (1962) аз мурғҳои касал вирусро ҷудо карданд, ки нефрозонефритро дар мурғҳои гуштии касал ба амал овардааст. Барои ҳамин касалро баъзан нефрозонефрити сироятӣ меноманд. Баъдтар Карнаго (1965) исбот кард, ки нишонаҳои нефрозонефрит монанд ба ин касал мебошанд. Касалӣ дар халтаи фабрисавӣ тағиротҳои асосӣ ва доими пайдо мекунанд, ки барои ҳамин касалро газаки халтачаи махотӣ ном гузоштаанд.
Ин касал дар бисёр мамлакатҳои Америка, Аврупо, Осиё, ки парандапарварии саноати таррақи кардааст паҳн шудааст.
Барангезанда.
Вируси АРН-дор аз зоти (Avireovirus), оилаи реовирусҳо мебошанд. Андозаи варионҳо 60-65 нм мебошад. Вирус дар ҳолати сироятёбии ҷанини 9-рўза дар халтачаи зарда марги онҳоро баъди 6-руз ба вуқуъ меоварад.
Ба ғайр аз боздории афзоиш вирус сабаби пайдошавии варамҳо, манбаҳои некрозшуда дар ҷигар мегардад. Баъди 3 рўзи масолеҳи вирусдоро аз халтачаи фабритсавӣ баровардан тағирот ба амал меояд, ки хосса ба сироятёбӣ мебошад. Дар кишти фибробластҳои ҷанини мурғҳо вирус таъсири касалоти ҳуҷайраҳоро ба амал меовард. Дар парандаҳои касалшуда подтанҳои вирусбетарафкунанда ва таҳшинкунанда ба амал меояд.

пешина
аз 95
навбатӣ