КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Тафриқаи ташхис.
Ҳатман истисно крдани илтиҳоби сироятии найчаҳои шуши парандаҳо, гиповитаминози А, микоплазмозӣ роҳҳои нафаскаши, чечак, зукоми сироятӣ зарур аст.
Табобат.
Масолеҳи хоссаи табобати вуҷуд надорад. Барои огоҳ кардани оризаи касал истифодаи доруҳои йоддор аэрозолӣ, хлордор, антибиотикҳои таъсири васеъдошта тавсия дода мешаванд.
Ҳасонат.
Мурғҳо баъди касал шудан ба сироятёбии такрори ҳасонат пайдо мекунанд. Подтанҳои зардобӣ баъди 14-20 рўзи сироятёбӣ ё моякубикунӣ ба амал омада 2-3 моҳ нигоҳ дошта мешавад.
Дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ барои пешгирии хосса, вирусваксинаҳои хушки аз кишти ЦНИ, ИПП тавсия дода мешавад (С.П. Шенников ва Е.А. Петровская) ва аз кишти ВНИИБП тавсия дода шудааст. Ваксинаҳоро дар хоҷагиҳои ноустувор бо услуби молиш додан ба пардаи луобии сурохии хориҷкунанда истифода мебаранд.
Ҳасонат баъди 7-10 рўзи гузаронидани ваксина ба амал омада дар бисёр парандаҳо ба тамоми умр боқи мемонад.
Усули аэрозолии моякубикуни ба муқобили илтиҳоби муштараки ҳалқу хирной ва моякубии муштарак ба муқобили касалиҳои илтиҳоби муштараки сироятии ҳалқу хирной, касалии Нюкасла ва Чечак кор карда шудааст.
Пешгирӣ ва чораҳои муборизабарӣ.
Ба мақсади роҳ надодан ба ворид шудани вируси касал хоҷагиро аз парандаҳо ва тахумҳои инкубациони ва чуҷаҳои якрўзаро алоҳида аз саршумори асоси нигоҳ дошта парвариш мекунанд. Ҳамаи зарфҳои боркаширо дар дохили хоҷагӣ ҳатман тамға зада шуста, баъди ҳар як истифодабари безарар мегардонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё