КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Закомирдин 1963).
Нишондодҳои эпизоотологӣ.
Дар шароити табии ба касалии илтиҳоби муштараки ҳалқу хирнойи мурғҳо, мурғҳои марҷон, мурғи фиръавн ва мурғи титав гирифтор мешаванд. Касалро ба таври экспериментали бо гузаронидани вирус ба пардаҳои луобии роҳҳои болоии нафаскашӣ, мултаҳима ба амал меоранд.
Дар шароити табии сироят аслан бо роҳи аэрогенӣ ба амал меояд.
Манбаи барангезандаи сироят парандаҳои касал ва касалшуда (то 1-сол), ки вирусро бо моеъҳои қатра - қатра дар ҳолати сулфакуни ба берун мебарорад мебошад.
Омилҳои гузаштани барангезанда аслан ҳавои сироятёфта, об хурока, дастгоҳҳо, масолеҳи кори мебошад.
Манбаи барангезандаи касал метавонад ҳашаротҳои касал ва буғумпойҳо, ки хуни парандаҳои касалро мемаканд бошанд. Вирус дар хун дар давраи то 7 рўз аз рўзи касалшудан вуҷуд дорад. Илтиҳоби муштараки ҳалқу хирной, дар байни саршумори моякубинашуда дар шакли алангаи эпизоотологӣ мегузарад. Дар хоҷагиҳои доимо ноустувор бештар касалӣ дар гуруҳҳои алоҳидаи, чуҷаҳои ҳасонат надошта ба вуҷуд меояд.
Касалиоварии кишти эпизоотии вирус метавонад бисёр тағир ёбад. Вирус дар баъзе хоҷагиҳо метавонад давр занад, аммо дар парандаҳои ҳассос нишонаҳои сарирӣ ба амал намеоянд, агар дорои хосияти моякубикуни дошта бошад.
Имкони паҳншавии вирус бо тухумҳои барои чуҷабарори номаълум мемонад. Баровардани чуҷаҳои устувор ба касалии илтиҳоби муштараки ҳалқу хирной аз тухумҳои инкубациони дар рузҳои аввали ҳаёт мебошад.
Дар ҳолати шароити хуби хурокдиҳи ва нигоҳдорӣ паҳншавии касал метавонад баъди 2-4 ҳафта гузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё