Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Дар ҳолатҳои зарури дар давраҳои кутоҳи технологияи парвариши парандаҳо, бо антибиотикҳо ва сулфаниламидҳо пешгирӣ карда мешаванд. Парандаҳои навовардашударо 3 моҳ дар карантин нигоҳ медоранд.
Дар ҳолати ба касалии орнитоз шубҳа доштан дар хоҷагӣ ҳаммаи парандаҳои касал ва шубҳанокро алоҳида нигоҳ дошта, чораҳои зарурӣ оид ба аниқ кардани ташхис гузаронида мешавад.
Мурғхонаҳо майдончаҳои сайру гашт ва биноҳо, ки дар онҳо парандаҳои касал буданд хуб тоза карда шуда, безараргардони бо оҳаки навшукуфтаи хлордор, ки фаъолнокии хлораш 5%, маҳлули 10%-а лизол, омехтаи фармалин ксилонафт (3:1) дар таносуби 1л ба 1м2 саҳни болои гузаронида мешавад. Истифодаи аэрозоли 40% маҳлули фармалдегид аз руи таносубӣ 10-15мл маҳлул ба 1м3 бино гирифта мешавад.
Дар ҳолати муқарар кардани ташхис, дар хоҷагӣ монеъагӣ мегузоранд. Ҳамаи парандаҳои ноустувори мурғхона ҳатман кушта шуда ҷояшон тоза карда мешавад.
Гушти парандаҳои касал баъди коркарди гармигузарони барои хурока истифода бурда мешавад.
Болу пар ҷамъ карда шуда сузонида мешавад. Дар ҳузури парандахонаҳои мавҷудбудаи устувор, ба воситаи аэрозол бо атсиди шири безараргардони гузаронида мешавад.
Монеъагӣ аз хоҷагӣ баъди 6-моҳи ҳолати охирони ҷудо кардани парандаи касали орнитоз ва гузаронидани тозакунӣ, ва безараргардонӣ анҷом дода мешавад.

пешина
аз 95
навбатӣ