КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Барои ташхиси экспрессӣ аз аксуламали РИФ истифода мебаранд.
Ташхиси тафриқавӣ.
Ҳатман истисно кардани сафедхунӣ, энцефаломиелити вирусӣ, гиповитаминози В ва Е зарур аст.
Ҳасонат.
Парандаҳои касалшуда ҳасонати нопок пайдо мекунанд. Барои пешгирии хосса дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар хоҷагиҳои ноустувор истифодаи ваксинаи киштии хушк аз кишти ФС-126 ҳерисси мурғҳои марҷон истифода бурда мешавад. Чуҷаҳоро як маротиба дар инкубатор пеш аз ба ферма овардан моякуби мекунанд.
Ваксинаро ба дохили мушак дар мавзеи рон бо меъёри 0,2 мл равон мекунанд. Ҳасонат дар 21-28 ум ҳафта ба амал меояд. Фоидаоварии эпизоотологии моякубӣ 86-92%-ро ташкил медиҳад. Ваксинаи аз кишти М.22/72 озмоиши истеҳсолӣ истифода бурда мешавад.
Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Чораҳои асосии пешгирӣ ин риоя кардани талаботи беҳдоштию байторӣ, дар инкубатор ва мурғхонаҳо, гузаронидани безараргардонии умуми пеш аз ворид кардани саршумори нав мебошад. Парандаҳои каммаҳсул ва шубҳанок ба касал сақат карда шуда нобут карда мешаванд.
Тавсия дода мешавад, ки мурғҳои зотҳои ба касалии Марек устувор парвариш карда шаванд.
Дар хоҷагиҳои ноустувор монеъагӣ мегузоранд. Дар ҳолати сироятёбии 5-10% саршумор ба шакли классикии касалии Марек гирифторшуда, ҳамон гуруҳи ноустуворро куштан ба мақсад мувофиқ аст.
Танафуси пешгрикуни дар барқарор кардани гуруҳи мурғҳо бо тамоман солимгардонии мурғхонаҳо ва дастгоҳҳо баҷо оварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё