Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Самадӣ битамомам дидан ка бишинҷам ва чораи кори ӯ бисозам.
Шаҳрони вазир гуфт:
Раво бошад.
Қасди роҳ мекарданд, ки аз паси пушти Арманшоҳ овози кӯси ҳарбӣ баромад. Арманшоҳ гуфт:
— Бингаред, ки кист! Яке даромада ва гуфт:
— Эй шоҳ, Аркилки паҳлавон аст аз бибӯни Хурҷон, бо си ҳазор савор ба хизмат омадааст ва дувисту шаст зиндапил бо худ овардааст, ки дар ҳеҷ ҷой чандон пил нест, ки дар бибӯнии Хурҷон.
Арманшоҳ чун бишунид, хуррам шуд. Бифармуд, то лашкар ба истиқбол берун раванд. Ва Аркилки паҳлавонро ба боргоҳ оварданд. Аз роҳ ки даромад, пеши Арманшоҳ хизмат кард ва офарин кард. Шоҳ ӯро бинавохт ва гиромӣ кард ва баробари хеш ӯро бар тахт бинишонд. Аз ранҷи роҳ бипурсид. Пас ҳар аҳволе мегуфтанд Шаҳрони вазир ба роҳ афтод ва бирафт.
Аркилк дар гуфтори ӯ ва кирдори эшон бозмонда буд.

Аз он ҷониб, Шаҳрони вазир ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ расид. Хурмузи Келу Шарвони Ҳалабӣ бар муқаддамани сипоҳ буданд. Ӯро бидиданд ва бишинохтанд. Аз баҳри ҳурмат пиёда гаштанд ва хизмат карданд. Аз шоҳу Қизилмалик хабар пурсиданд. Шаҳрони вазир аз Хуршедшоҳу Фағфуршоҳ хабар пурсид. Пас гуфт:
— Эй паҳлавонон, шоҳро хабар диҳед, ки Шаҳрони вазир ба хизмат омадааст ва пайғоме дорад аз Арманшоҳ. Агар дастурӣ бошад, ба боргоҳ ояд.
Хурмузи Кел эшонро ба ҷой бимонд ва Шарвони Ҳалабиро дар хизмати Шаҳрони вазир раҳнумард буд, то ба боргоҳ омад. Пеши шоҳ хизмат кард, гуфт:
— Эй шоҳзода, Шаҳрони вазир ба хизмат омадааст ва пайғоме дорад аз Арманшоҳ. Фармон чист? Ба хизмат ояд?
Ҳомони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, чун Шаҳрони вазир омадааст, ӯро гиромӣ дор, ки марде асилзода аст ва раҳни илм аст.
Хуршедшоҳ бифармуд, то боргоҳ ба зарбафт биғрохтанд ва тахти шоҳӣву курсӣи заррину симин биниҳоланд ва ҷойгоҳи паҳлавонон падид карданд. Гуломон ду-се

пешина
аз 283
навбатӣ