Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Эй шоҳ, Меҳрони вазирро низ бурдаанд.
Арманшоҳ гуфт:
— Кошки Меҳрони вазир дар ҷаҳон набудӣ ва мо ӯро надидамонӣ, ки ин ҳама ошӯб аз кору кирдори ӯст ва агар на, моро бо Маҳпарӣ чӣ кор будӣ? То овозӣ Маҳпарӣ буд, мо ӯро медонистем ва талабкор наме-будем. Ба сухани Меҳрони вазир оламе хароб шуд.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, кор афтод. Чора он аст, ки дар ин кор андеша кунем. Аз баҳри он ки ин ҳама ошӯбу фитна аз баҳри Маҳпарӣ буд ва мебошад, чун Хуршедшоҳу ӯ ба ҳам расиданд ва ком ёфтанд, талабкори ӯ будан муҳол асту раво набошад. То духтар буд, ба умеди он ки мард ба вай нарасида буд, раво буд, ки ӯро талаб кардем, ки кори зан чун ҷавоҳир бувад: то духтар бувад, дурре нобисуда буваду ҷавҳаре нафис, ҳаво гард бар вай наафшонда, ба дасти ҳеҷ ғаввосе нарасида ва дар қаъри баҳри эзидӣ парвариш дода, халқи ҷаҳон ӯро талабкор мебошанд, то бошад, дурре ба даст ова-ранд. Чун ба дасти ғаввос расид ва мард коми худ бар-дошт, мӯҳраи сафолина шуд. Агарчӣ ҳӯриин аст ва аз биҳишт бадар омадааст, аз ӯ некӯтару бааҳсан бисёр аст, ки Қизилмалик якеро баргузинад; аз баҳри он ки чун Маҳпарӣ зан гашт, талабкори вай будан шарт нест, хосса зани подшоҳ. Ҳеҷ доно зани подшоҳ кушад? Та-лабкори вай будан шарт нест ва ҳеҷ доно писандида надорад. Дигар, эй подшоҳ, модару хоҳари Қизилмалик бо ишон аст. Чора он аст, ки расуле фиристем бо моли фаровон, Моҳонаву Моҳсутупро аз дасти ишон берун оварем ва агар дастурӣ бошад, мани банда биравам ва ҷаҳд кунам, ки бо мол ишонро бифиребам ва ин кор тамом кунам. Чун зани шоҳу духтарро овардем, он гоҳ бингарем, ки чун мебояд кардан.
Шоҳ гуфт:
— Савоб гуфтӣ, он чӣ мебояд сохт, месоз.
Шаҳрони вазир бифармуд, то сад аспи той бо тавку бо созу сохт ва сад ғуломи моҳрӯй бо камарҳои заррин ва сад бадра1 зар тартиб карданд. Вазир баргирифт, ки ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ равад. Қонун пеши ва-зир омад ва хизмат карду гуфт:
— Айюҳал вазир, банда дар хизмати ту бошад, то

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё