Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
то мадади эшон бирасид ва он мадад торикии шаб буд, ки ба олам дидор бинмуд, то кори эшон сохта шуд. Чун шаб сиёҳии худ ба олам фиристод ва рахти лашкари рӯз тороҷ шуд, шоҳи зангиён бар тахт нишаст ва тоҷи моҳ бар сар ниҳод ва лашкари сайёрагонро аз ҳар сӯе номзад кард.
Самак бархост ва гуфт:
— Эй лоло, моро бибояд рафт пеш аз он ки хизматгорон биёянд.
Лоло гуфт:
— Шуморо аз роҳи сарой берун барам.
Ҳамгинон бархостанд. Самак бифармуд, то Собир Тайрокро баргирифту Самлод зани шоҳро баргирифт ва Самак духтари шоҳро баргирифт. Лоло пеш истод ва Хуршедшоҳу Маҳпарӣ ва занони ду бародарон — ҳама аз роҳи сарой берун рафтанд.
Самак бо лоло гуфт:
— Моро дар шаҳр будан маслаҳат нест, ба лашкаргоҳ бояд рафтан ва дарвозаҳо бастааст.
Лоло гуфт:
— Ту донӣ.
Пас ҳамчунон ба дари сарой ду бародарон омаданд ва занонро дар сарой карданду рӯй ба роҳ ниҳоданд, то ба болои ҳисор омаданд. Самаки айёр каманд бикшод ва ҳамаро ба каманд фурӯ гузошт ва Собиру Самлодро бозгардонид ва гуфт:
— Ба сарой равед ва занони ду бародаронро бигӯед, то Меҳрони вазирро нек нигоҳ доранд, то омадани ман бошад.
Худ аз ҳисор ба зер омад, Хуршедшоҳу Маҳпариро баргирифт ва рӯй ба роҳ ниҳод, то вақти он ки рӯз равшан шуду шаб ҷомаи нилгун берун кард ва рӯз ҷомаи зарбафт дарпӯшид. Хуршедшоҳ ба лашкаргоҳ расид.
Овоза дар лашкаргоҳ афтод, ки Хуршедшоҳ бозомад.
Хабар ба Ҳомони вазир бурданд. Бо Мулкдору паҳлавонон пиёда пеши шоҳ бозомаданд ва хизмат карданд.
Шоҳ ба боргоҳ омад ва Маҳпарӣ бо Моҳсутуну Моҳона ва лоло ба хаймаи хос рафтанд.
Самак полҳанги Тайроқ дар даст гирифт ва дар боргоҳ бидошт. Хуршедшоҳ ба тахт баромад. Самаки айёр гуфт:
— Эй шоҳ, Тайрокро ба чӣ медорем? Сиёсат кунем.
1 Полҳанг — ресмони сари личом ва нухта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё