Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Хуршедшоҳ бар Самак офарин карду дуо гуфт ва ӯро бӯситуд. Гуфт:
— Шоҳ бош, эй ҷавонмард ва аҷрпешан ҷаҳон ва эй фахри мардон! Дар ҳаққи ту чӣ гӯям ва ба ҷои ту чӣ кунам? Ва аз некӣ чӣ тавонам кардан, ки агар то зинда бошам, ба ҷои ту некӣ кунам, мукофоти ин некӣ набо- шад. Яздон туро мукофот кунод ба хайр!
Самаки аҷр гуфт:
— Эй шоҳ, туро бо Маҳпарӣ хилват набудааст?
Гуфт. — Не.
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, ҳам он ҷо хилват соз ва чунин мебояд ва ин кор бисозу шарми мадор ва ин некӣ аз лоло Анбар дон, ки моро раҳ намуд ва ғамхори мо буд ва маро аз аҳволи шумо огоҳ карду бад-ин ҷойгаҳ овард, то шуморо аз ин банд бираҳонидам. Ва гар на, ман аз ин хабар на- доштам.
Пс аз аввал то ба охир ҳамаро бозгуфт.
Маҳпарӣ дар вай нигоҳ кард ва гуфт:
— Эй бародар, ин лоло иск ба Солеҳи лоло мемонад.
Самак гуфт:
— Эй малика, дархост кардааст, ки ба ҷон лоло Со- леҳ бошад.
Маҳпарӣ гуфт:
— Ӯро азизтар дорам.
Лоло хизмат кард. Пас ӯро ном Салоҳи навбатӣ ни- ходанд.
Пас Самак лолоро гуфт:
— Занони ду бародаронро бихон, то бар дари ҳуҷра мебошанд, то шоҳ хилват созад.
Самак берун омад ва занони ду бародаронро он ҷо фиристод, то бар дари ҳуҷра мебуданд. Пас шоҳ Маҳпа- риро бихонд ва дар канор гирифт ва даст ба банди мӯҳр бурд ва пардаи орзӯ бикшод ва аспи ком дар майдони мурод биронд ва камони шодӣ ба зеҳ овард ва тири ви- сол бар он пайваст ва бар ҳадафи Маҳпарӣ зад ва мӯх- ри яздонӣ бишкаст. Тир аз ҳадаф бигзашт ва ҳар ду аз он захми роҳат ёфтанд ва аз он пайвастан нишоту шодӣ афзуданд ва занони ду бародарон аз лоло ҷулоб хос- танд, бихӯрданд ва тартиби ишон сохтанд, чунон ки конда буд ва расм рафтааст.
Самак пеши ишон омад ва муборакбод бигуфт. Би- фармуд, то гусл карданд ва биншастанду ҳар сухане мегуфтанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё