Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

берун овард. Ва гуфтааст, ки имшаб ҳар ду ба зери боми шоҳ оед ва ӯро ёрӣ кунед.

Ин сухан бигуфт ва бархост. Ду бародарон бар вай офарин карданд ва хуррам шуданд.

Ходим пеши Самак омад ва аҳвол бигуфт. Пас он ҷо мебуд, то шаб аз гиребон сар баровард.

Ду бародарони қассос бархостанд ва силоҳ бархуд рост карданд ва берун омаданд ва рӯй ба сарои шоҳ ниҳоданд.

Самак, чун шаб даромад, бархосту Меҳрони вазирро дар сандуке нишонд. Пас, аз олоти шаробхона чизе ба даст оварда буд, сандуке дигар пур кард. Собиру Самлод гуфтанд:

— Эй паҳлавон, мо инҳо бибарем?

Самак гуфт:

— Чунин мебояд кардан, ки ду бародарон падид намеоянд. Пас каманд дар миёни як-як мебаст ва ба зер фурӯ мегузошт. Баъд аз он сандуқҳо фурӯ гузошт. Баъд аз он лолоро гуфт:

— Туро ин ҷойгоҳ мебояд будан, то ҳар чӣ бошад, аз неку бад, моро хабар медиҳӣ. Ҳар чӣ бошад дар сарои занон, лолоро хабар бошад аз неку бад. То он вақт, ки ман биёям ва туро пеши Хуршедшоҳ барам.

Лоло гуфт:

— Раво бошад.

Самак аз боло ба зер омад ва сандуқҳо баргирифтанду ба роҳи бероҳа ба сарои ду бародарони қассоб омаданд ва дари сарой бизаданд. Занон ба зер омаданд пас дар бикшоданд. Самак бо дигарон ба сарой даршуданд. Самак пурсиданд, ки:

— Ду бародарон куҷоанд?

Занон гуфтанд:

— Ишон берун рафтанд, ки пеши ту оянд.

Самак гуфт:

— Чӣ мегӯед?

Гуфтанд:

— Берун рафтанд.

Меҳрони вазир дар сандук мешунид. Самак гуфт, то Меҳрони вазирро аз сандук берун оварданд.

Самак гуфт:

— Эй Меҳрон, рост бигӯ, то он ҷавонмардон куҷоанд, ки ин кор аз ту холӣ нест. Бешак ҳама сохтани туст, ки ишонро дар банд кардай.

пешина
аз 283
навбатӣ