Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
биншастанд, то рӯз равшан шуд. Самак лолоро пеши худ хонд, гуфт:
— Ранҷ баргиру пеши ду бародарони қассоб рав ва бигӯй, ки ман дар сарои туам. Набояд ки хабари ман пеши шоҳ баранд ва бигӯй, ки имшаб ҳар ду ба зери боми шоҳ оянд.
Лоло гуфт:
— Чунин кунам. — Бархост ва пой бар асп дароварду ба бозор омад, ба дӯкони ду бародарони қассоб.
Дар баста буд ва сарои ишон пеши дӯкон буд. Нигоҳ кард, ҳар дуро истода дид ғамноку дилтанг. Лоло донист.
Пеш омаду салом кард. Ишон ҷавоб доданд ва хизмат карданд. Лоло гуфт:
— Эй озодмардон, моро сад гӯспанд муҳим аст ва ба кор мебояд аз баҳри сарои шоҳ.
Ишон гуфтанд:
— Дари дӯкон баста ва дарвоза бастаанд.
Лоло гуфт:
— Чандон ки бошад, раво бошад.
Гуфтанд:
— Надорем.
Гуфт:
— Маро обе диҳед, ки аз бомдод боз ташнаам.
Ишон гуфтанд: «Лоло ҳеҷ нахӯрдааст, об мехоҳад ва ба талаби гӯшт омадааст. Ӯро ба сарой бояд бурдан, то чизе бихӯрад, ки моро зиёне надорад» — Ин бигуфтанд ва лолоро фуруд оварданд, гуфтанд:
— Соате биосой ва обе бихӯр.
Прас лолоро ба сарой дароварданд, тартиби чизе мекарданд, ки пеши лоло оваранд.
Лоло гуфт:
— Эй озодмардон, ба меҳмонӣ наёмадаам, ки ба расулӣ омадаам аз пеши Самак.
Ишон гуфтанд:
— Эй лоло, ин чӣ сухан аст, ки мегӯй? Мо аз куҷову Самак аз куҷо?
Лоло гуфт:
— Андеша мадоред ва матарсед, ман аз шумову шумо аз ман. Самак маро фиристодааст аз баҳри он ки гуфта буд, ки «чу бомдод шаваду ман наёям, шумо хабар пеши Хуршедшоҳ баред». Фориғдил бошед, ки Самак ба саломат аст ва дар ҳуҷраи ман аст ва Меҳрони вазирро дар банд овард ва Ҳумору Собиру Самлодро аз банд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё