Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чапи Марказиро ниҳебе аз ӯ ба дил расид, гуфт:
— Эй озодмард, туро ном чист, ки бас бо ҳайбату шукӯҳ омадӣ?
Он мард гуфт:
— Маро ном Бадсиғоли Дӯзахӣ аст.
Чапи Марказӣ гуфт:
— Эй озодмард, туро ҳеҷ гувоҳ намебояд, ки номи ту падидор аст. Биёвар то чӣ дорӣ.

Ҳар ду даст ба найза карданд ва пиёда бо ҳам ба ҷанг андаромаданд. Соате нек ба найза бикӯшиданд. Пас найзаҳо аз даст бияндохтанд ва даст бизаданду теғҳои ҳамчил доштанд, аз ҷуфт ҷудо карданд ва дарақҳо ба сар дароварданд ва бисёр теғ ба сару фарқи якдигар заданд, касе музаффар нашуд. Теғҳо аз даст бияндохтанд ва даст ба камонҳои оҷқабзан тайёрғӯша бурданд, то тирҳо аз ҷуфт бароварданд, то Бадсиғоли Дӯзахӣ гуфт:
— Биёр аз ҳар чӣ дорӣ, ки пешдастӣ ба ту додам.

Чапи Марказӣ як чӯба тир бияндохт. Бадсиғол ба лаъб аз худ дур дошт. Дигар бияндохт, рад кард. Саввум ҳам рад кард. Пас гуфт:
— Эй ҷавони моҳрӯй, донам, ки навбат марост. Тирандохтан биёмӯз, агарчи ман туро ба омӯхтан раҳо накунам.— Ин бигуфт ва як чӯба тир дар хонаи камон ниҳод ва бияндохт. Чапи Марказӣ сипар дар пеш дошт, то тири ӯ рад кунад, ки тир ба сипар омад ва аз сипар бигзашт ва ба Чапи Марказӣ омаду хаста кард, чунон ки дасти вай аз кор фурӯ монд.

Фаррухрӯз нигоҳ медошт. Чун дид, ки Чапи Марказӣ захм ёфт, асп дар майдон ҷаҳонид. Бадсиғоли Дӯзахӣ теғ бароварда буд, то бар сари Чапи Марказӣ занад, Фаррухрӯз пеш бозомад, теғ бар гардани аспи Фаррухрӯз омад. Сари асп бияфтод. Фаррухрӯз аз асп ҷудо монд, ки Бадсиғол мукабара 1 ба Фаррухрӯз даромад, то ӯро теғ занад.

Ҳурмузи Кел асп дар майдон ҷаҳонид. Ҳанӯз панҷоҳ гом 2 монда буд, ки гурз гирди сар бигардонид ва бияндохт ва бизад бар сари Бадсиғол чунон ки сандуқи синаи ӯ гард дарҳам шикаст. Бадсиғол аз пой даромад. Ҳурмузи Кел ба вай расид, теғ заду сари ӯ бияндохт.

1 М у к а б а р а — мағрурона.
2 Го м - - қадам.

пешина
аз 283
навбатӣ