Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Он моҳ пеш гирифт ва сари Сиёҳабр бар гардан баст ва пеши Арманшоҳ рафт.
Арманшоҳу Қизилқилч ва паҳлавонон чун он ҳол бидиданд, хурӯш бадар карданд то Арманшоҳ гуфт, ки:
— Ин чӣ куниши курд?
Гуфт:
— Хуршедшоҳ фармуд.
Пас Талома он чӣ гуфта буду карда, ҳама бозгуфт.
Арманшоҳ пушти даст ба дандон бибурд. Гуфт:
— Эй паҳлавонон, чӣ тадбир созам, ки аз дасти қавме маҷҳул аз шаҳрҳои пароканда барнамеояд корҳо мекунанд, ки дар хотири ҳеҷ одамӣ наёяд.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, Сиёҳабр кӯчак [мард] нест, агар ӯро фурӯ гузорем, ва хуихоҳи ӯ Дабури Девгир аст. Ӯро маълум бояд кардан, то аз мо озурда нашавад. Ва бо вай душманӣ кардан душвор бувад. Чун он ки ишон дари ҷанг дарбаста буданд ба таъзияти Фаррухрӯз, мо низ дари ҷанг барбандем ба таъзияти Сиёҳабр. Ва кас фиристем, то Дабури Девгир бидонад, ки ин корҳо чун афтод; ки ба ҳеҷ Дабури Девгир наёмади, акнун бибияд. Агар чӣ дареғ бошад яке чун Сиёҳабр, аммо чора ин аст:
Арманшоҳ гуфт:
— Марде бибояд фиристодан пеши Фағфур, ки мо даҳ рӯз ҷанг нахоҳем кардан. Зуд бояд фиристодан, то ишон ба ҷанг берун наёянд.
Шаҳрони вазир марде бифиристод, то он пайгом бигузорад.
Мард биёмад. Ва талони Хуршедшоҳ Ҳурмузи Кел буд. Бидид, пеш бозомад, ки:
— Кистӣ?
Он мард гуфт:
— Биравед ва шоҳро бигуед, ки Арманшоҳ мегӯяд, ки мо даҳ рӯз ҷанг нахоҳем кардан, то хотами Сиёҳабр бидорем, ки ӯро хешу пайванд бисёр аст ва кӯчак марде нест, ки ӯро хор дорем. То чун фориғ шавем, сари ҷанг кунем.
Ин аҳвол бигуфт. Ҳурмузи Кел ба боргоҳ омад, воқеи Хуршедшоҳ хизмат карду он чӣ маълум буд, бигуфт. Фағфур гуфт:
— Ҳилят несозад, то кас ба Девгир фиристаду ӯро билонад.
Хуршедшоҳ гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо