Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Биравед, ки Сиёҳабр Сурхи Кофарро бигирифт ва пеши Моҳона набошад, то шумо биравед. Ва ин қадар мол ба ман бахшид. Ман ба ҷойгоҳи хеш бозмеравам. Шумо биравед, ки моли фаровон аст ва ғорат кунед.
Мардон рӯй ба роҳ ниҳоданд. Самак ба таъҷил шутурон меронд ва фарёд мекард, ки «Сурхи Кофарро
гирифтанд ва мол ғорат мекунанд». Дигарони лашкар, ки бар сари дара буданд, ӯро бидиданд. Овоз дод, гуфт:
— Эй паҳлавонон, Сиёҳабр Сурхи Кофарро дар банд овардааст ва моли вай ғорат мекунанд.
Сипоҳ ба тамошои ғорат бирафтанд.
Самак роҳи бероҳа гирифт ва чунун бод шутурон меронд. Ногоҳ шаб даромад ва ҷаҳон торик шуд. Миқдори даҳ фарсанг рафта буд. Фуруд омад ва Моҳонаро ҷомаи мардона пӯшонид ва бар сурати ҳарбандагон бар шутур нишонд ва ба таъҷил мерафт.
Аз он ҷониб лашкари Сиёҳабр пиндоштанд, ки Сиёҳабр Сурхи Кофарро бо Моҳона дар банд овардааст, дар хаймаанд. Ба ғорат афтоданд. Аз ҳаваси молу ғанимат Сиёҳабрро фаромӯш карданд. Ҳоли вай надонистанд. Мол ғорат мекарданд, ки шаб даромад. Ва он ҳилаи кори Самак буд, ки шаби зулмонӣ пой дар ҷаҳон ниҳод ва олам аз дасти равандагон биситод.
Кор ба коми Самак бибуд. Ҳама шаб роҳ мебурид ва меронд, то рӯз равшан шуд. Ва шаби дигар ҳамчунон ронд, ки рӯзи дигар бомдод ба лашкаргоҳи Хуршедшоҳ расид ва пеши тахти шоҳ хизмат кард. Хуршедшоҳ чун Самакро бидид, бархосту ӯро дар канор гирифт ва гуфт:
— Эй паҳлавон, чӣ гуна будӣ? Иншоаллоҳ ба ранҷ наёмадӣ ва он кист, ки овардӣ?
Самак гуфт:
— Эй шоҳ, фармони солеҳи ноботиро битоӣ, то ӯро ба лаймаи Моҳларӣ барад.
Шоҳ гуфт
— Эй паҳлавон, чӣ мегӯӣ? Марди бегона дар хаймаи занон чун равад? Дар ҳарами подшоҳон чӣ кор дорад?
Бигузор, то дар пеши тахти мо набошад, агарчӣ дар кори ту наҳй кардан нест, агар ба ҷои нуҳ сад мард будӣ ва ту гуфтӣ, раво доштамом. Аз баҳри он ки ту дарчӯр ин биёмадӣ ва раво надоштӣ. Локин шист бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо