Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ва ҳамаи дандонҳои вай бишкаст ба санг ва ӯро ба дасти Сурхвард доду гуфт:
— Ӯро нигоҳ дор, ки ман бо ӯ кор дорам.
Дар он ҳол ки аз қалъа ба шеб меомад, овози нола ба гӯши вай расид. Ниёлро гуфт:
— Он нола бингар, ки аз куҷо меояд. Ҳар кӣ ҳаст, ӯро биёвар, ки маро гумоне ба дил меояд.
Ниёл биёмад, зани Размоқи ҳезумкашро дид бо ду духтар гирён. Ишонро пеши Самак овард. Маҳпарӣ гуфт:
— Эй зан, чаро ин ҷойгоҳ нишастаӣ?
Гуфт:
— Эй малика, ман дар ин қалъа зоидаам ва ин ҷо бузург шудаам, ба ҷои дигар натавонам рафт.
Маҳпарӣ гуфт:
— Акнун туро чӣ мебояд, то ба ту диҳам, ки шавҳари туро бо фарзандон бикуштанд.
Фарёд аз ниҳоди ишон баромад. Пас гуфт:
— Эй малика, маро хонаи худ мебояд, ки дар қалъа аст.
Маҳпарӣ бо Самак бозгуфт. Самак гуфт:
— Эй зани Размоқ, ин қалъаро хароб хоҳанд кардан,
Зан гуфт:
— Сарои ман бигзору хароб макун, то ман он ҷойгоҳ мебошам ва ин ҳар ду фарзандони мананд.
Самак гуфт:
— Туро чандон мол диҳам, ки то зинда бошӣ, туву фарзандони туро бас бошад.
Зани Размоқ ӯро дуо кард.
Самак рӯй ба Хуршедшоҳ карду гуфт:
— Ин қалъаро хароб мебояд кардан ва дигар, ганче ёфтаам, берун мебояд овардан.
Шоҳ гуфт:
— Маслиҳат ту беҳтар донӣ.
Пас Самак бифармуд, то чаҳорпоёнро ҳама бо худ биёварданд ва он молро берун оварданд ва Самак духтарони Размоқи ҳезумкашро ҳар яке ба шавҳаре дод ва он қалъаро хароб кард, чунон ки аз он қалъа ҳеҷ нишон намонд.
Чун аз он фориғ шуданд, Самак бо Хуршедшоҳ гуфт:
— Акнун ту бо Маҳпарӣ ба лашкаргоҳ равед ва зин-

1 Ш е в — шеб, нишеб,

пешина
аз 283
навбатӣ