Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Аммо аз баҳри ин аст, ки шабехун оварданд». Мерафт, то ба талоян Арманшоҳ расид, Даванду Кубод буданд. Рӯзафзун чолок аз миёни ишон даргузашт. Рӯй ба боргоҳ ниҳод, ки аз роҳи шаҳр овози дарозгӯш ба гӯши вай расид. Рӯзафзун рӯй бар он ҷониб ниҳод. Чун наздик расид, чанд чаҳорпой дид, пурбор — яке ҳамроҳ. Бонг бар вай зад, гуфт:
— Ту кистӣ ва ин борҳо чист?
Гуфт:
— Манам Чалдак, шогирди Саъдони шаробдор.
Рӯзафзун нигоҳ кард, Чалдакро дид, хизматгори Сурхи Кофар. Ҳадиси вай аз Самак шунида буд. Даромад ва халқи ӯ бигирифт ва бифушурд ва бимурд. Чоман вай дарпӯшид ва чорво дар пеш гирифт, то ба шаробхона расид. Нигоҳ кард, боргоҳи шоҳ баробар буд ва шоҳ бо паҳлавонон ба шароб хӯрдан машғул буданд.
Рӯзафзун пеши Саъдон омад ва гуфт:
— Шароб овардам.
Саъдон гуфт:
— Эй Чалдак, чаро дер омадӣ, ки шоҳ шароб мехоҳад.
Рӯзафзун сабук хик аз чорво ба зер овард ва миён барбасту чолок биистод ва шароб дар суроҳӣ мекард. Қаронри соқӣ биёмад ва гуфт:
— Шароб овардед, ки шоҳ шароб мехоҳад?
Саъдон гуфт:
— Эй Чалдак, аз баҳри шоҳ суроҳӣ пур кун.
Рӯзафзун ба шароб рехтан машғул шуд ва дар боргоҳ менигарист. Саъдон гуфт:
— Эй Чалдак, бомдоди пагоҳ ба шаҳр бояд рафтан то зуд бозгардӣ.
Рӯзафзун гуфт:
— Фармонбардорам.
Аз он ҷо Қаронри соқӣ биёмад ва шароб ба Арманшоҳ дод. Шоҳ гуфт:
— Шароб биёр, то бингарам, ки чун аст.
Қадах пур карду бар дасти Арманшоҳ дод. Бозхӯрд. Гуфт:
— Шароби нек аст.
Чун давре чанд бигашт, ҳамгинон бияфтоданд. Қаронри соқӣ суроҳӣ мӯҳр биниходу ба шаробхона овард. Чун Рӯзафзун дид, ки боргоҳ холӣ шуду шоҳ бихуфт,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё