Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
— Кистӣ?
Гуфт:
— Расулам.
Сайлам пеши Арманшоҳ омад ва гуфт:
— Расуле омадааст, аз пеши Хуршедшоҳ.
Арманшоҳ бо ҳамгинон ба шароб хӯрдан машғул буданд, хуррамӣ ва нишот мекарданд, аз он фатҳ, ки бар ишон омада буд. Қизилмалик гуфт:
— Қонунро биёваред, то ба ивази бандиён сиёсат кунем.
Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳзода, дар шаҳранд ва шаҳрро нигоҳ медоранд.
Ин сухан ӯро аз сари кор боздошт.
Шоҳ бифармуд, то Хурдасби Шайдуро дароварданд. Чун даромад, хизмат кард ва гуфт:
— Худойгонро бақо бод! Хуршедшоҳ ва Фағфуршоҳ* салом мерасонанд ва менамоянд, ки воқеае чунин афтод ва халқе бисёр ҳалок шуданд аз ҳар ду ҷониб. Мехоҳем, ки куштагонро дафн кунем. Бифармой, то ҳар касе, ки хеше дорад, биёяд ва ӯро дафн кунад. Аз баҳри ин кор даҳ рӯз ҷанг нахоҳем кардан.
Арманшоҳ чун бишунид, гуфт:
— Шояд то чӣ ҳилат месозанд?
Хурдасби Шайду гуфт:
— Эй шоҳ, дар ин кор чӣ ҳилат аст, магар он ки мехоҳанд, ки ҷои холӣ шавад?
Арманшоҳ гуфт:
— Чун дархост кардаед, раво бошад. Шуморо маоф доштем.
Бифармуд, то Хурдасби Шайдуро хилъат доданд. Арманшоҳ гуфт:
— Эй паҳлавон, он бандиёнро аз банд ки берун овард?
Гуфт:
— Эй шоҳ, Самаки айёр.— Ин бигуфт ва рӯй ба роҳ ниҳод ва ба лашкаргоҳи худ омад. Пеши шоҳон хизмат кард ва аҳволи рафта бозгуфт. Ишон бар он кор машғул буданд. Шоҳ аз барои Маҳпарӣ дилтанг буд, то шаб даромад. Аз ҳар ду ҷониб талоягон берун омаданд.
Сурхи Кофар хизмат кард ва аҳвол чунон ки буд, бозгуфт, ки банда ба шаҳр меравад, то аҳвол бо Самак

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё