Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷаҳон равшан шуда буд ва тартиби чизе месохтанд, ки биҳӯранд. Чун аз хӯрдан фориғ шуданд, маҷлиси базм бинёростанд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд, ки ногоҳ саворе аз дари боргоҳ даромад ва гуфт:
— Номае дорам.

Шоҳ бифармуд, то ӯро оварданд. Чун пеши тахти шоҳ расид, хизмат кард ва нома бӯса доду бар канораи тахт ниҳод. Шоҳ нома баргирифт ва ба дасти Ҳомони вазир дод, то бархонад. Набишта буд, ки:
«Ин нома аз шоҳи Фағфур ба фарзанди азиз, рӯшноии чашм — Хуршедшоҳ бад-он ки акнун муддати мадид гузашт, ки мехостам, ки ба дидори рӯи фарзанд хуррам шаванд, тавфиқ набуд. Чун бе дидори рӯй наметавонистам будан, орзумандӣ аз ҳад гузашт. Ҳарчанд ҷаҳд кардам, барнамеомад ва таксире, ки буд, аз баҳри улуфа гирд кардан буд. Акнун хоҳам расидан бо сипоҳе гарон, то узри гузашта бозхоҳам, ки беш аз ин бе дидори фарзанд наметавонам буд, то маълум бошад. Вассалом».

Чун Хуршедшоҳ ин хабар бишунид, дарҳол бифармуд, то ҷумлаи паҳлавонон истиқбол карданд. Фуррухрӯзро бо гурӯҳе сипоҳ дар лашкаргоҳ бидоштанд, то лашкаргоҳ нигоҳ медоранд.

Хуршедшоҳ бо Ҳомони вазир ба истиқбол берун шуданд. Миқдори ду фарсанг бирафтанд, ки лашкари Фағфур бирасиданд. Бар канора биистоданд, то лашкар бигузаштанд ва чатри шоҳ Фағфур расид. Дарҳол Хуршедшоҳ пиёда гашт ва Ҳомони вазир ва ҷумлаи сипоҳи шоҳи Фағфур низ пиёда шуд. Ҳар ду шоҳ пеши ҳам бозшуданд ва якдигар дар канор гирифтанд ва узрҳо хостанд.

Фағфур аз баҳри Хуршедшоҳ чаҳорсад аспи този бо ҳаррони зар у наълу рикоби зар оварда буд. Пурпорае роҳ пиёда бирафтанд, Фағфур бифармуд, то ҷанибати хос дар кашиданд ва бозуи Хуршедшоҳ бигирифт ва ӯро савор кард. Ва аспӣ дар кашиданду Ҳомони вазир савор шуд ва ҷумлаи паҳлавонон, ки омада буданд. Ҳар якеро аспӣ дар зери рон кашиданд. Пас Фағфур бо дигарон савор гаштанд ва ба лашкаргоҳ омаданд.

Ҳомони вазир чун меомад, фармуда буд, то боргоҳе

1 Ҳарро — ороиши афлори асп, ки аз тиллову нуқра аст;
2 Яъне: аспи махсус;

пешина
аз 283
навбатӣ