Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Раво бошад Зар ба вай дод ва сандуқ бифармуд ва бозгашту ба сарой омад. Пеши Рӯзафзун омад ва аҳвол бигуфт.
Рӯзафзун гуфт: — Неку омад. Чун тартиб доранд, ба таҳзисти Беҳзод машғул шуданд.

Мо омадем ба ҳикояти Симаки айёр, ки аҳволи ӯ ба чӣ расид дар шаҳр. Чунин гӯяд муаллифи ахбор, ки Самак дар саррои ду бародарони қассоб он рӯз мебуд дилтангу ғамнок, то шаб даромад. Самак бархост ва гуфт:
— Маро ба лашкаргоҳ мебояд рафтан пеши Хуршедшоҳ. Вошад, ки аз он ҷойгоҳ кор барояд ва палидор шавад, ки дили ман аз ин кор хун шуд. Чунин кор касе бикунад ва чанд рӯз бигузарату бар ман пӯшида бимонад. Аз ғаму дард бетоқат шудам. Ин бигуфт ва аз пеши Брух берун шуд. Рӯй ба роҳ ниҳод, то ба канори сур омад. Ба боло баршуд ва ба каманд аз он ҷониб фурӯ рафт ва каманд бардошту рӯй ба роҳ ниҳод ва ҳанӯз торик буд, ки дар боргоҳи Хуршедшоҳ расида буд. Хуршедшоҳ ба тахт баромада буд ва гурӯҳи паҳлавонон ба хизмат омада буданд. Шоҳу Хомони вазир бо паҳлавонон бархостанд. Самак заминро бӯса дод ва гуфт:
— Эй шоҳи бузургвор, ин чӣ банданавозӣ аст? Дар ҳамаи ҷаҳон Симаки нодошт кист, ки чун ту подшоҳе ӯро қиём кунад?
Хуршедшоҳ ӯро дар канор гирифт ва гуфт:
— Эй Самак, ту маро ба ҷон бародари ҳамчун Фаррухрӯзӣ.
Дигар бора Самак хизмат кард. Шоҳ ӯро пеши худ бинишонд.
Пас ҳамаи аҳвол аз он соат, ки аз пеши ишон рафта буд, то ба он соат, ки бозгашта буд, он чӣ бар сари вай гузашта буд, бозгуфт. Шоҳ бо Хомони вазир бо паҳлавонон бар вай офарин карданд ва дар он кор фурӯ монданд ва гуфтанд: «Касе бошад, ки чунин корҳо бикунад ва ба оқибат аз дасти вай бибаранд?»
— Ҳамгинон чароғ меҷурданд.

пешина
аз 283
навбатӣ