Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Аммо чунин гӯяд ҷамъкунандаи китоб ва муаллифи ахбор, ки дар шаҳри Мочин чун Сиёҳкел ва Сом ва Хурдасби Шайдуро банд барниҳоданд ва ба зиндон фиристонданд, фарзандони Қонун аҳволи хеш бо падар бигуфтанд, ки мо чигуна бурданд ва моро дар сарои Ҳумор боздошта буданд ва з-он ба сарои Хурдасби Шайду оварданд.
Қонун чун бишнид, аҳвол бо шоҳ бозгуфт. Арманшоҳ бифармуд, то Ҳумору фарзандони ӯро бигиранд ва сарои ӯ ғорат кунанд. Исфаҳсолор Қонун бо чанд сарҳангу хизматгор рӯй ба сарои Хумор ниҳоданд ва Ҳуморро бо ҳарду писарони вай бигирифтанд ва хонаи вай ғорат карданд. Дилоромро диданд, ӯро бозкушоданд. Аммо олоти шаробхонаро надиданд, ки Ҳумор бар дасти хоҳари худ дода буд. Пас Дилоромро ба сарои шоҳ бурданд ва Ҳумору фарзандони вайро ба зиндон бурданд.
Арманшоҳ дар интизор буд, ҳеҷ падидор набуд ва наёмад ва интизор мекард Тармаша биёяд ё касе бифиристад. Се рӯз интизор мекард ва ҳеҷ кас падидор наёмад. Саворе ба роҳ кард, ки ба қалъаи Фалакӣ рав· пеши Адхон ва аҳвол боздон, ки Тармаша бо Самакӣ’ айёр чӣ кард ва зуд хабар бози ман овар.
Савор ба роҳ афтод. Он соат бирасид, ки Размоқ бо Самак мегуфт, ки «Маҳпариро бурдам ва дар сӯрох пинҳон кардам». Пас он савор пеши Адхон омад ва хизмат карду гуфт:
— Эй паҳлавон, Тармаша бо Самак бар ин қалъа омаданд ва шоҳ маро фиристод, то аҳвол боздонам, ки Тармаша бо Самак чӣ кард.
Адхон гуфт, ки:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё