Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳман дар майдон пеши Хуршедшоҳ рафту бо вай замоне набард намуд ба теғу тиру камон ва бо Хуршедшоҳ разм мекард чун гурзу он чӣ ба кор ояд. Хуршедшоҳ ӯро ҳалок метавонист кард, аммо муҳобо мекард ва намехост, ки чунон ҷавоне барбод ояд, то як замон ба мукобира даромад ва камарбанди Баҳман бигирифту аз пушти асп бардошт ва бар сари даст овард, то ҳамагон бидиданд. Пас, ӯро аз даст бияндохт.

Духтари шоҳ дар ҳамгинон менигарист, ҳеҷ кас дар чашми вай чун Хуршедшоҳ набуд.

Фарзанди Меҳрон истода буд ва нигоҳ мекард, чун Баҳман бияфтонд, рӯй ба майдон ниҳод, ки ҳамгинон бо созу силоҳ омада буданд.

Хуршедшоҳ гуфт:
— Ин кист, ки дар майдон меояд?

Гуфтанд:
— Писари Меҳрони вазир аст.

Гуфт:
— Пас бигӯй, ки ин ҳама талбису майдондорӣ, ки дар миён афкандӣ, аз баҳри фарзанди хеш мекушидӣ? Акнун чун мебинӣ, ки ман Баҳман афкандам ва бо Баҳман бисёр кӯшидаму ӯро низ афкандам, фарзанди хеш дар майдон мефиристӣ. Маро аз сад фарзанди ту чӣ бок аст?

Самак истода буд ва нигоҳ мекард. Чун бидид, ки паси ҳама фарзанди Меҳрон дар майдон мерафт, гуфт: «Эй ҳаромзодаи вазир, он кор аз баҳри фарзанди хеш барсохтааст. Қобиз паҳлавон аст, набояд, ки хатое афтаду фарзанди вазир даст ёбад ва мо бад-он ғамнок шавем. Пеш аз он, ки коре кунад, маро коре бибояд кардан» ва корди сандоншикоф аз миён баркашиду густох пеши Қобиз рафт. То Қобиз огоҳ шуд, як корд бар синаи ӯ чунон зад, ки аз пушти ӯ берун омад. Қобизро сафро ба сар даромад ва бехабар бияфтод ва халқ пиндоштанд, ки намурд валекин ҷон дода буд, аз баҳри он, ки тоқати корди Самак намедошт.

Хурӯш аз майдон баромад ва халқ ба ҳам баромаданду айёрпешагон кордҳо баркашиданду гирди шоҳзодаро фурӯ кӯфтанд.

Қавме аз шаҳр ҳавои Хуршедшоҳ гирифта буданд, Шоҳ Фағфур чун дид, ки кор дигаргуна гашт, андеша карду гуфт: «Набояд, ки шаҳр ба ҳам барояд ва халқе

1 М у к о б и р а — зӯроварӣ.

пешина
аз 290
навбатӣ