Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй малика, Хуршедшоҳ дар зиндон набуд. «Дилафрӯз»-и мутриб Хуршедшоҳ буд, ки Рӯҳафзо ӯро пеши ту овард ба наврӯзӣ.

Маҳпарӣ чун бишунид, ки мутриби вай Хуршедшоҳ буд, биҳаросиду бо худ гуфт: «Ҷавонмардӣ кор фармуд, ки ман танҳо дар пеши вай афтода будам ва дар ман нигоҳ накард». Ва ӯро ҳавас омада буд, ки агар марде будӣ, бо вай хуш гаштаме. Ин ҳавас ба ишқ бадал шуд. Бехи висол дар дили Маҳпарӣ сар барзад, ки аз Рӯҳафзо ёд накард, ки чаро чунин сохт.

Гуфт:
— Эй лоло Солеҳ, Хуршедшоҳ куҷо шуд?

Лоло гуфт:
— Эй малика, дар боргоҳи шоҳ ҳозир аст. Агар хоҳӣ, бархез, то биравем ва ӯро бубинем, то он Дилафрӯз аст ё на.

Духтар бархост, ки ишқи Хуршедшоҳ бар вай муставлӣ гашта буд. Ҳар лаҳза шохе нав дар дили вай сар бармезад. Биёмад, панҷарае буд дар муқобили боргоҳ, бар он панҷара бинишаст ва нигоҳ мекард. Дилафрӯзро намедиду Хуршедшоҳро намешинохт.

Эшон нон мехӯрданд. Чун фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд, ва соқиён шароб дардоданд. Мутрибон овози симоъ бароварданд.

Ҳақтаоло чунон тақдир кард, ки Меҳрони вазир писаре дошт, номи вай Қобиз ва паҳлавоне бакамол буд ва ошиқи Маҳпарӣ буд. Аз ҷиҳати он ки доя бо меҳтарон чунон мекард, ба забон намеовард. Дар он ҳол, ки маълум карданд, ки дояро бикуштанду ҷумла дар боргоҳанд, пеши падари омад ва замин бӯса доду пас бигирист, гуфт:

— Эй бузургвор, аҳволи ман медонӣ, ки муддате мадид аст то ман духтари шоҳро мехоҳам ва дар ишқи ӯ мегудозам ва аз бими доя сухан намегуфтам. Акнун доя аз миён рафту Хуршедшоҳ чунин коре кард, ночор хостгори духтари шоҳ бошад. Магузор, ки бегона биёяду духтар барад. Чора соз ва духтар аз дасти эшон бадар овару таъбия бикун, то магар ба мардӣ духтар битавонем бурдан.

Меҳрони вазир гуфт:
— Эй писар, дил фориғ дор. Чаҳде бикунам.

1 Муставлӣ — ғолиб.
2 Мадид — дароз.
3 Таъбия — ҳила.

пешина
аз 290
навбатӣ