Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй ҳаромзодаи ҷоду ва бадкирдор, ту пиндорӣ, ки ман аз нодонӣ бад-он ҷо омадам ва хоҳандагии духтари шоҳ кардам, то ту маро бибариву дар банду зиндон кунӣ. Пиндоштӣ, ки чун дигарон дар дасти ту оҷиз гардам. Ман зиндони ту бишикастаму берун омадам, то аҳвол бидонам. Фардо шаб дигарон пеши ту оварам.
Доя гуфт:
— Эй дареғо, ки ҳама ранҷи ман барбод омад, надонам, ки ин роҳ кадом паҳлавон бизад ва банду зиндони ман чӣ гуна ба даст овард.
Ин сухан мегуфтанд, ки дигарбора Шагол бархосту Фаррухрӯзро дар канор гирифту бар чашму рӯи ӯ бӯса дод ва ӯро пеши худ бинишонду гиромӣ кард. Фаррухрӯз он чӣ аз Хуршедшоҳ шунида буд, бигуфт. Шағолу Самаки айёр дасти Фаррухрӯз гирифтанд ва рӯй ба сарои Рӯҳ-афзо ниҳоданд.
Рӯҳафзо нигоҳ кард, ӯро аз Хуршедшоҳ бознамешинохт. Пас, аҳволи Хуршедшоҳ бо вай низ бигуфт ва бо ҳам қарор доданд, ки чун шаб дарояд, ба зери боми духтар оянду он шоҳзодагон низ берун оваранд. Пас, аҳвол бо Рӯҳафзо бигуфтанд, ки бо Хуршедшоҳ бигӯй, ки имшаб хоҳем омадан.
Ин бигуфтанду ба сарои айёрон рафтанд.
Рӯҳафзо бар болини доя бинишаст ва аз ҳар гуна мутолибат мекард ва мегуфт:
— Эй раъно, ин чӣ кор буд, ки ту кардӣ ва ин шоҳзодагонро дар банд чаро мекардӣ? Акнун он чӣ кардӣ, пеши ту омад ва донам, ки аз дасти мо ҷон нахоҳӣ бурдан. Аз ин маъни бо вай мегуфту ӯро уқубат мекард.
Мо омадем ба ҳадиси Хуршедшоҳ. Аз он ҷониб, духтари шоҳ дар ҳуҷра хуфта, шоҳзода бинишаста, ҷавонмардӣ нигоҳ дошт ва ӯ ба дидор қаноат кард. Агарчӣ ӯро дӯст дошт, бӯса бар рӯи духтар наниҳод, ки тарки адаб буд. Танбӯр дар канор гирифту ба сабӯҳ овоз баровард; нарму оҳиста ғазал гуфтан гирифт, то духтари шоҳ бад-он ҳаловат аз хоб даромад. Бифармуд, ки маҷлиси базм биёростанд, ки Рӯҳафзо андар расиду хидмат кард ва бар ҷои худ биншаст. Пас, моҳазарӣ¹ чизе биёварданду бихӯрданд ва ба шароб хӯрдан машғул шуданд.
1 Моҳазарӣ — андаке хӯрок.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё