Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
Шоҳзода чун дид, ки сиёҳ бияфтод, бо худ гуфт: «Ҷойгоҳи доя аст, ҳар ки ҳаст, ин ҷойгоҳ бошад. Бархост ва чароғ баргирифт ва гирди сарой гаштан гирифт, ки эмин буд аз он, ки касе дар он ҷойгоҳ равад. Доя худ дар банд буд. Чун ба миёни сарой расид, даре дид барафканда ва қуфле чанди рони марде бар он зада. Хуршедшоҳ бо худ гуфт: «Ҳар чӣ ҳаст, дар ин ҷойгоҳ аст, калиди қуфл дар ҳуҷраи сиёҳ бошад». Бозгашт ва ба ҳуҷраи сиёҳ омад ва гуфт: «Шак накунам, ки Фаррухрӯзи ман зиндааст, он ҷойгоҳ аст».
Пас, он дар ва қуфл бикшод ва дар барафканд. Нардбон пайдо шуд. Шоҳзода рӯшноӣ дошт ва бад-он нардбон фурӯ рафт. Миқдори панҷоҳ поя то бад-он зери сарой расид. Нигоҳ кард, сарое дид чаҳор дару чаҳор суффа рӯй дар рӯй оварда ва шамъҳо афрӯхта, аз баҳри он, ки зери замин буд. Ҷамоате дид нишаста, ҳама банд бар дасту пой ниҳода ва дар миёни он ҷамоат нигоҳ кард, Фаррухрӯро дид нишаста. Хурраму шодмона гашт, пеши вай давиду сари вай дар канор гирифт ва чашму рӯи ӯ бӯса дод.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй бародари азиз, чӣ гуна омадӣ, ки бод бад-ин ҷойгоҳ раҳ набарад аз бими доя, алалхусус он сиёҳ, ки ба дари ҳуҷра мебошад. Бо дояву сиёҳ чӣ кардӣ?
Шоҳзода гуфт:
— Вақт фурсати гуфтор нест, ки қисса дароз аст. Дар ман нигоҳ кун, ки ба чӣ зиннат баромадаам, эй бародар, бисёр санъат сохтаам, то бад-ин ҷой омадам ва ин мақоми шумо ба даст овардам.
Пас, банд аз дасту пои Фаррухрӯз баргирифт.
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй шоҳзода, чун бад-ин ҷойгоҳ омадӣ, кор тамом кун ва ин шоҳзодагонро низ бикшой, то ҳама биравем, ки дергоҳ аст, то дар банданд.
Шоҳзода гуфт:
— Эшонро низ бибарам, чун донистам, ки куҷоед. Аммо эшонро низ савганд бояд хӯрдан, ки роз ошкоро накунанд ва ҳеҷ сухан нагӯянд аз нек ва аз бад, то ман кори эшон бисозам. Фардо шаб эшонро низ берун барам, ки сарои подшоҳ аст, ғалабаи ин ҳама мардум барнатабад. Ва низ ҳанӯз роҳ нек намедонам, ки чӣ гуна мебояд рафтан. Эшон савганд хӯранд ва мебошанд, то ман туро бифиристаму мардум бихонам, ки ба танҳо ин кор барнаёяд чандин халқ бурдан ва ҳанӯз дар сарой — пеши духтар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё