Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба яздони додор, парвардигори омурзгор ва ба ҷони покону ростону, ки дил бо шумо яке дорам ва бо дӯстони шумо дӯст бошаму бо душмани шумо душман ва ҳаргиз рози шуморо ошкоро накунам ва ҳар чӣ шуморо аз он ранҷе хоҳад расид, баҳри (!) тавонам кард. Некӣ бикунам ва дар некӣ кардан тақсир накунам ва дақиқае ҳилял насозаму андешаи бад накунам ва агар аз дӯсти шумо коре бошад, ки ман барбод шавам, раво дорам ва андеша надорам, ва гар на муроди шумо ҳосил кунам, аз занони мардкирдор небошам.

Онгоҳ Самак гуфт, ки:
— Модар, ин ҷавони ғариб малики мӯст ва подшоҳзодаи мулки Шом асту Хуршедшоҳ ном дорад ва ба мо расидааст ва паноҳ ба мо овардааст ва ба хостгории Маҳпарӣ омадааст.

Рӯҳафзо гуфт:
— Эй Самак, ин Хуршедшоҳро, ки мегӯй, на доя гирифту бурд? Пас, шуморо хабар нест? Самак ҳикоятро, чунон ки буд, таҳрир кард.

Рӯҳафзо дар ҷамол ва шакл ва мӯи ӯ фурӯмонд ва шоҳзодаро ба фарзандӣ қабул кард ва гуфт, ки ҷавонмардӣ дар шаъни Фаррухрӯз омадааст, ки ҷони худро пешкаши ҷони Хуршедшоҳ кардааст.

Аммо он чӣ гуфтеду мақсуд намудед, он ҷо ҷое нест, ки онро ба зар ё ба зӯр, ё ба зорӣ ба даст тавон овардан ва ғаниме ҳамчун дояи ҷоду; инро чӣ тадбир бошад?

Самак гуфт:
— Эй модар, агар ба айёрӣ ва дуздӣ ва паҳлавонӣ ва мол баромади, мо ба дари хонаи ту намеомадем, акнун чораи ин кор ба дасти саъйи туст.

Рӯҳафзо баъд аз соате сар баровард ва гуфт:
— Чорае ёфтам, агар ба сухани ман дарояд ва ҳар чӣ гӯям, кор бандад. Қавл кардандӯ шоҳзодаро ба дасти Рӯҳафзо супурданд ва Шағоли Пилзӯру Самак берун рафтанд.

Баъд аз он Рӯҳафзо гуфт:
— Эй шоҳзода, акнун ту фарзанди манӣ ва савганд хӯрдаам ва ин муҳим бар ман аст. Ҳар чӣ гӯям, бояд кардан.

Шоҳзода гуфт:
— Бифармой, ҳар чӣ гӯӣ, ба ҷон истодаам.

Рӯҳафзо равонӣ пораи ҳино бар даст ва пош ниҳоду мӯшро шона кард ва бибофт ва вусмаву сурма ва нила ва сафеда ва сурхӣ ва хол ва алиф — он чӣ хотунонро ба кор

пешина
аз 290
навбатӣ