Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
нигарид ва аз панҷум бигзашт ва дар шашум нигоҳ кард, парда дар ҳаво шуд.
Фаррухрӯз нигоҳ кард, сарое дид ҷамшедвор сохта, чаҳорсад гом дар чаҳорсад гом ба чаҳор лавн хишт афканда ва дар миёни сарой санги руҳому фирӯзаҷ афканда ва ҳавзе моҳдон ва миёни ҳавз моҳ равон карда. Моҳиёни симину заррин муҷавваф сохта ва дар баробари суффа тахте аз соҷ ва оҷ ва обнус ва сандал афканда ва шоҳ Фағфӯр дар миёни чаҳор болиш нишаста ва тоҷ бар сар ниҳода ва бар дасти рост курсии заррин ва симин ниҳода ва ғуломоне чун моҳ бо қабоҳои атлас ва кулоҳҳои мағрақ бар сар ниҳода, дурӯя истода ва ҷовишон ва мақраазанон тозиёна бар соқи мӯза заданд ва такбиргӯён пеши тахт бозомаданд ва бар шоҳ Фағфӯр дуо гуфтанд ва гирди болиш бар сари курсӣ ниҳода.
Фаррухрӯз бар он заркурсӣ нишаст. Шоҳ Фағфӯр бар қадду боло ва чеҳраву ҷамоли Фаррухрӯз нигоҳ кард, ҷавоне шотир дид, чолок ва моҳрӯй. Вазир бо паҳлавонон дар вай назора. То вазир ишорат кард бо шаробдорони хос. Шарбат оварданд ва дар қадаҳи заррин ва симин ниҳода. Чошнигир ҳама чошнӣ гирифт ва ҷулоб дардод, бозхӯрданд. Пас хонсодорон биёмаданд ва хон бинҳоданд ва нон бихӯрданд. Шоҳ Фағфӯр бо вазиру надим дар нишасту хости Фаррухрӯз нигоҳ мекарданд ва бар вай офарин мегуфтанд ва фаррошон биёмаданд ва ташту офтоба биёварданд ва дастҳо бишустанд ва маҷлиси базм биёростанд. Ва нуқлҳои заррину симин ва суроҳии заррини латиф ниҳода ва мутрибони хушовоз овоз бароварданд, чунон ки овози эшон ба фалак баромад. Соқиён шароб дармедоданд, то шароб дар табъи эшон рост биистод.
Пас, шоҳ Фағфӯр бо Фаррухрӯз дар сухан омад ва гуфт:
— Эй шоҳзода, омадани ту бад-ин вилоят ба фаррухӣ бод. Шоҳзода ба чӣ шуғл ва ба чӣ ҳоҷат омадааст?
Фаррухрӯз гуфт:
— Эй шоҳи бузургвор, банда ба хидмат омад, бо умеди он, ки ба худ қабул кунад ва он духтар, ки дар паси парда дорад, ба ман арзонӣ фармояд ва хонадони Марзбоншоҳ ва шоҳ Фағфӯр яке шавад.
1 Г о м — қадам.
2 Л а в н — ранг.
3 М о ҳ — моҳӣ.
4 М у ҷ а в в а ф — чизе, ки дарунаш холӣ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё