Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

каманд бар гӯшаи тахт баст, корд баркашид ва бар синаи Қатрон нишаст.

Қатрон бедор гашт. Агарчи маст буд, хост, ки боз нишинад, худро баста дид, натавонист. Якеро дид бар синаи вай нишаста ва корд баркашида. Қатрон гуфт:
— Ту кистӣ?
Самак гуфт:
— Эй нодон, маро намешиносӣ? Манам Самаки айёр. Агар сухан гӯй, туро бикушам.

Қатрон дам даркашид. Самаки айёр гӯё карда буд, аз адими ба равған нарм карда, дар даҳони вай ниҳод ва бозбаст маҳкам, чунон ки сухан натавонист гуфт. Ва ҳар чаҳор дасту пои Қатрон ба устодӣ дарбаст устувор. Пас, болише¹, ки дар зери вай ниҳода буд, бишкофт ва холӣ кард ва Қатронро дар он болиш афканд ва дарбаст ва ба ҳазор ҷаҳд ӯро бар асп афканд ва худ низ бар асп нишаст ва омад бар канори лашкаргоҳ ва рӯй ба роҳ ниҳод.

Ҳактаоло тақдир кард, ки аспи Қатрон айғир буд. Чун наздики талоя расид, бӯи модиён ёфт, шиҳа зад ва саркашӣ кардан гирифт. Самак ҷаҳд мекард, ки аспро бар ҷой бидорад ё аз ҷониби дигар биронад, наметавонист. Талояро вақти бозгаштан буд. Самак чун дид, аз асп пиёда гашт. Гаве 2 буд. Қатронро дар он гав андохт ва худ ба так хост ва бирафт.

Чун талоягон бозгаштанд, бар овози шиҳаи асп бар он ҷониб рафтанд. Аспи Қатрони ҷангӣ дидан истода. Аҷаб доштанд, гуфтанд:
— Чӣ ҳолат аст? Бингаред, то чӣ расидааст, ки асп ин ҷойгоҳ истодааст?
Яке гуфт:
— Асп чашм дар он гав гумоштааст, ҳар чӣ ҳаст, дар он ҷойгоҳ аст.

Ду-се тан дар он гав рафтанд. Болише диданд, афтода. Гуфтанд:
— Дузде чизе дошт, чун моро бидид, бияндохт ва бирафт.
Кавме гуфтанд.
— Пас, ин асп аз куҷо омад? Магар асп низ бихост бурдан?

Чун хостанд, ки болиш баргиранд, гарон буд. Бикшоданд. Қатрони паҳлавонро диданд. Фарёд бароварданд.

¹ Б о л и ш — дар ин ҷо ба маънои бистар омадааст.
² Г а в — пастӣ, нишебӣ, чуқурӣ,

пешина
аз 290
навбатӣ