Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа
родхонаи шоҳ расиданд. Ҳеҷ нигоҳбоне набуд. Зайди айёр бо Самак бо як соат сӯрох карданд ва чанд зину афзор ва он ба кор бояст берун овард, ки Маҳрӯи наббош биёмад бо сад мард ва зинҳо бар асп ниҳоданд ва боқии зинҳои дигар ҳар яке дар пеш гирифтанд.
Самаки айёр гуфт:
— Эй Маҳрӯя, бо ин озодмардон ба фалон марғзор равед ва зини худро бо худ бибареду дар камин бишинед, то чун духтари шоҳро биёваранд, шумо камин баркушоеу ва хештанро бар эшон занед ва духтари шоҳ биситонед, ки ман худ бо эшон ҳамроҳам. Ин бигуфту эшонро дар камин фиристоду худ бозгашт, то пеши Рӯҳафзо омад ва аҳвол гуфт, ки бо духтар чӣ гуна месозанд.
Рӯҳафзо гуфт:
— Ӯро бар банд ниҳоданду дар сандуқе кардаанд, фардо шаб хоҳанд бурданд.
Самаки айёр гуфт:
— Ҳеҷ донӣ, ки бо ӯ кист?
Рӯҳафзо гуфт:
— Бо ӯ Санҷари паҳлавон аст, бо чаҳорсад марди савор ва аз хидматгорон лоло Солеҳ аст.
Аз ҳар гуна сухан мегуфтанд, то рӯз равшан шуд. Самаки айёр берун омад ва қавоми кор бармегирифт, то онгоҳ, ки олами нуронӣ зулмонӣ гашт. Овози табли раҳил баромад. Санҷари паҳлавон бо сипоҳу духтар рӯй ба роҳ ниҳоданду мерафтанд. Самаки айёр худро дар миён афканда буд ва нигоҳ мӯкард, то аз камингоҳ бигзаштанд, ки Самак эшонро нишон дода буд, ҳеҷ касро надид. Ғамгин шуд. Гуфт: «Эй дарего, он ҷавонмардон куҷо рафтанд, магар аз роҳ бияфтоданд?» Аз ҳар гуна андеша мекарду бо эшон мерафт, то шаб даромад. Лашкар фуруд омаданд.
Самак бо худ гуфт: «Агар ин қавм ба лашкаргоҳ расанд, кори мо душвор шавад ва духтар аз дасти мо бираваду ранҷи мо зоеъ гардад. Надонам, ки он ҷавонмардонро чӣ афтод? Бираваму ин аҳвол бо Хуршедшоҳ бигӯям, то бингарам, ки чӣ гуна бояд кардан».
Ин бигуфту ба роҳ афтод ва чун бод давидан гирифт, чунон ки шаби дигар бар он чашмаву марғзор расида буд. Ҳар серо дар хоб дид, корд баркашидаву дар хоб шуда ва Хуршедшоҳ теғ дар даст гирифта ва Фаррухрӯз низ камон дар зери сар ниҳодаву бар ингуна дар хоб шуда. Самак ба болини Шағол омаду корд аз дасти вай биситад ва теғ камон аз дасти Хуршедшоҳу Фаррухрӯз биситад. Пас бошғ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё