Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

доду ба пеши Фағфур бинҳод. Шоҳ Фағфур бифармуд, то Меҳрони вазир ҳозир карданд. Нома ба вай доданд, то бархонду аҳволи нома маълум кард ва хостгории духтар дар аввали нома ёд карда буд. Дар ин кор, албатта, ошкор боист кардан. Пас, дар нома чунон ки шарҳ буд, бозгуфт:

Фағфур сар дар пеш афканда, пас, сар бароварду гуфт:
— Ман духтар бо Хуршедшоҳ ақд бастаам ва ба вай додааму чӣ гуна тавонам кардан?

Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, дил фориғ дор, ки аз Хуршедшоҳ домодӣ наъяд, ки агар домоди ту будиву ту вайро дархур будӣ 1, ӯро дар банди зиндон намебоист кардан. Чун айёрон аз он миён бардошта будем, Хуршедшоҳ мебоист навохтан ва духтар ба вай додан, ки Хуршедшоҳ имрӯз ҷавоби душман боздорӣ.

Шоҳ гуфт:
— Эй Меҳрон, гуноҳ аз ту буд, ки ӯро ба зиндон фиристодӣ. Ҳама кор ту барсохтӣ. Имрӯз мегӯӣ, ки намебоист кардан.

Меҳрони вазир гуфт:
— Эй шоҳ, аз гузашта сухан нашояд гуфтан, имрӯз кор кун, худой донад, ки кори Хуршедшоҳ ба чӣ расидааст. Хосса, ки бо муште авбоши айёрому норост ва нодошт мебошад ва ҳайҳот, ки ӯ ҳаргиз пеши падари худ тавонад рафтан, ки кори худ бисозад ва низ дигарбора бар ин вилоят ояд ё на. Қизилмалик акнун домоди нек аст ва то акнун, ки хостгории духтар намекард, аз он буд, ки дояи ҷоду зинда буд. Акнун дояи ҷоду рафт ва шоҳзодагон ба вилоятҳои худ бозгаштанд. Агар касе қасди духтар кунад, гӯй ба фарзанди Арманшоҳ додем. Ва миёни шумо дӯстӣ буд ва хештан ба дидор ояд, камари хизмат ба миён бандаду ҷавоби кори хасм боздиҳад ва ин ҷангу ошӯб бархезад 2.

Фағфур гуфт:
— Аз духтар бозмебояд пурсидан, то чӣ мегӯяд. Бархезу пеши духтар рав ва ин аҳвол бигӯй, чунин ки бояд гуфтан.

Меҳрони вазир бархосту бар дари ҳуҷраи Маҳпарӣ омад. Лоло Солеҳ истода буд. Пеши вазир бозомаду хидмат кард. Меҳрони вазир гуфт:

1 Дархур будан — мувофиқ ва сазовор будан.
2 Яъне: аз байн меравад.

пешина
аз 290
навбатӣ