Зеҳн
Самаки айёр

Дар ин китоб намунаҳои беҳтарини насри бадеии классикӣ ва осори ривоятии форсу тоҷик гирд оварда шудаанд. Маҷмӯа ба хонандагон имкон медиҳад, ки бо осори гаронбаҳои адабиёти пешин ошно гарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 290 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

бозгуфт, чунон ки ҳамгинон бозмонданд. Пас, гуфт:
— Меҳрони вазир макре сохт, чунон ки Хуршедшоҳу Фаррухрӯз бародараш бо ду-се тани дигар бигирифтанду дар банд карданд ва аз банд биҷастанду овора шуданд. Акнун аз Хуршедшоҳ домодии шоҳ Фағфур наёяд ва дигар шоҳ Фағфур хабар надорад, ки ту ба хостгории духтарӣ, вагарна худ духтар бифиристодӣ. Ва бо ин ҳама гуноҳ аз ту будааст, ки сипоҳи ту дасти зулм баркушоданд, то додхоҳон ба даргоҳи Фағфур омаданд, то ӯро огоҳ карданд, то ӯ лашкар овард.

Акнун моро мебояд будан ва ҷанг накардан, то нома нависему аҳвол бознамоем. Агар духтар фиристад, нек ва агар духтар нафиристаду ҷанг фармояд, онгоҳ ҷанг созем.
Қизилмаликро гуфтори Самур хуш омаду гуфт:
— Чунин кунам.
Пас, бифармуд, то ӯро хилъати некӯ биёварданду дар вай пӯшониданд. Вай бозгашту рӯй ба лашкаргоҳи худ ниҳод.

Муаллифи ахбору ровии қисса чунин гуфт, ки чун Самак ба лашкаргоҳ расид, ҳар ҷо талаби Хуршедшоҳу Фаррухрӯз ва Шағоли Пилзӯр мекард. Эшонро намеёфт. Аз миёни лашкаргоҳ берун омад ва бар канораи лашкаргоҳ мегашту аз ҳар ҷониб нигоҳ мекард. Болое буд ва се савор бар сари он боло дид истода. Самак гуфт: «Шак накунам, ки он се тан яке Хуршедшоҳ асту яке Фаррухрӯзу яке Шағоли Пилзӯр» рӯй ба боло ниҳод. Чун ба наздикии эшон расид, Шағоли Пилзӯр Самакро дид, ки рӯй дар эшон ниҳода буд. Вайро синохту хуррам шуд. Гуфт:
— Эй шоҳзода, Самак омад.
Хуршедшоҳу Фаррухрӯз нигоҳ карданд, Самакро диданд, хуррам шуданд. Чун Самак пеши эшон расид, ҳар се аз пушти асп пиёда гаштанд, ӯро дар канор гирифтанд. Самаки айёр гуфт:
— Эй озодмардон, ин чӣ ҷойгоҳ аст, ки шумо истодаед? Бад-он монад, ки касе дар лашкаргоҳи худ нигоҳ мекунад. Ҷаҳон чунон дар ошӯб афтодаву лашкаре чунин рӯй дар рӯй оварда, ҳамагон шуморо ба ҷон металабанду нек набошад.

Эшон гуфтанд:
— Тадбир чист ва ба куҷо равем?

пешина
аз 290
навбатӣ