Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

сол ҳавфи ҳамчун маркази адабию илмию фарҳангии форсии тоҷикӣ, ки суннати чандинасра дорад, заиф гардидани шаҳри Самарқанд ва канда шудани алоқаҳои он бо марказҳои адабию илмию фарҳангии Тоҷикистон бештар мегардад. Кишвари ҳамсоя зери шиори мустақилият ва бо баҳонаи табдили алифбои сирилик ба лотинӣ ҳар сол бештар аз пештар миқдори мактабу донишгоҳҳои тоҷикиро кам карда, чопи китобу рӯзномаву маҷаллаҳоро ба тоҷикӣ маҳдуд сохта, монеи табодули осори адабӣ ва илмӣ ба забони тоҷикӣ ва рафту омади адибони самарқандӣ ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари форсизабон – Эрон ва Афғонистон мешавад. Агар вазъ ҳамин тавр боқӣ бимонад, яқин аст, ки шаҳри Самарқанд ба ҳайси яке аз марказҳои асосии адабиёт ва фарҳанги форсии тоҷикӣ мақоми худро ба тамоми аз даст хоҳад дод.

Барои он ки ин ҳодисаи нобахшиданӣ ва ҷуброннопазир ба вуқӯъ напайвандад, аҳли Самарқанд ва, пеш аз ҳама, тоҷикони дунё бояд силсилаи чораҳои фавриро биандешанд, ки пеши роҳи онро бигиранд. Ин чиз ҳаргиз маънои дахолат кардан ба корҳои дохилии кишвареро надорад, ки имрӯз Самарқанд дар ҳайати он аст. Ҳифзи ин шаҳри бостонӣ ба сифати яке аз марказҳои асосии адабиёт ва фарҳанги яке аз миллатҳои қадимии сернуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон – тоҷикон аз рисолатҳои адабӣ ва фарҳангии Ҳукумат ва Давлати ин мамлакат низ бояд бошад. Ин ҷо ба маврид аст, байтеро, ки аз навиштаи фозили мӯҳтарам ҷаноби оқои Қаҳрамон Сулаймонӣ дар вижаномаи самарқандшиносии фаслномаи «Рӯдакӣ» хондам, иқтибос намоям:

Гар бигӯям, ки маро бо ту сару коре нест,
Дару девор гувоҳӣ бидиҳад: коре ҳаст.

пешина
аз 315
навбатӣ