Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тағйироти рӯҳӣ ва қалбиеро, ки дар вуҷуди ин ду тани шариф сар задааст, берун кашиданист. Пай бурдан душвор нест, ки мавҷу туғёни зиндагӣ вуҷуди Махдуми Донишро дубора, вале бо қудрати бештаре ба ҷунбиш овардааст: «Он рӯзҳо, ки Аҳмад дар ҳамин хонача чун рӯшноии рӯз пайдо шудани Рухсораро интизорӣ мекашид; он рӯзҳо, ки дар ёди рӯи Рухсора tasviri хаёлии ӯро дар қоғаз мекашид, он рӯзҳо, ки ӯро аз дидани рӯи Рухсора маҳрум карда буданд; он рӯзҳо, ки Рухсораи бемору хазоншуда ба хонаи онҳо баргашт, дар гӯшаи синаи Аҳмад умеди зиндагӣ ба ҷунбиш омад, он рӯзи видоъ, ки Рухсора ана дар он хона болои бистари беморӣ ба ҷисми наҳифу хаста бо чашмони илтиҷомандона бо Аҳмад хайрухуш мекард, он пагоҳии хомӯши сокит, ки Аҳмад болои гӯр аз ғайб як садои тапиши дили ба олами бақо рафтани Рухсораро мешунид... ҳама якбора ба ҷунбиш омада Аҳмадро ба оғӯши мавҷи худ фурӯ бурд».

Образҳо Мулло Носири хомӯши оқил (падари Дониш), Мирзо Шамси донишманд, Қосими аробакаш, Нуруллои паҳлавон, Заҳари ситамдида ҳар яке аз бозёфтҳои эҷодии Р. Ҳодизода буда, дар мавриди муносиб аз ин ё он ҷиҳат образи асосиро пурра менамоянд. Вале мутаассифона баъзи онҳо аз ҷумла, Қосими аробакаш дар гирдоби рӯйдодҳои роман ноаён пайдо шуда, ноаён ғайб мезананд.

Дар асар бозёфтҳои эҷодии зиёд аст, вале дар баробари ин чанд ноқисиҳо низ ба мушоҳида расид, ки ислоҳи онҳо ҳусни романро меафзояд.

Дар роман калимаву ибораҳое ҳастанд, ки забони шево, хаёлоти нозуки шоирона, андешаҳои амиқи фалсафӣ ва пурдарду алам, тасвирҳои рангину назаррабо ва поэтикаи ширадори Р. Ҳодизодаро костааст: Аз ҷумла: Р. Ҳодизода дар роман баъзан нодиртарин ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва адабиро, ки бо хуни дилу ҷигар ёфта, онҳоро

пешина
аз 315
навбатӣ