Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

фалсафӣ ва таърихӣ дар сурати дардҳои сӯзони иҷтимоӣ хеле муассир ифода ёфтаанд: «Оҳ азизам (ба Струве – В.С.) – охир ин санъати олиро бинед (Лерх варақаҳои абрешимини дастнависи ба сиёҳиву чӯша навиштаи муҷалларо бо эҳтиёт кушода ба Струве нишон медиҳад), бубинед, ҷаноби дилогоҳ, охир варақаҳоро гӯё дирӯз навиштаву оро дода бошанд... ҷилову дурахши рангҳоро бинед. Охир ин санъатро баробари нигоштаҳои безаволи Микеланджелову Рафаэл ба пеши оламиён нишон додан лозим аст, на ин ки онҳо дар ин дукончаи пасту пурчангу хок, дар зери ғубори фаромӯшӣ бимонанд».

  • Охир, чаро ҷаноби олӣ – амири Бухоро аз ин нодиракориҳои олӣ як музей намесозанд?

Дар роман образҳои муассир ва дурахшон кам нест. Онҳо ҳар яке образи асосии асар – Аҳмади Донишро пурра месозанд. Образи Рухсораи ноком дар хотир сахт нақш мебандад. Вай зебову фаттон, бемору оҷиза, батадбиру бафаросат, нотавону бекас тасвир шудааст. Бо вуҷуди ин ҳама номуродиву нотавониҳо дар дилаш донаи умеде дар сабзиш аст, аммо ака-Махдум ин ҷо ниҳоят пассив аст. Рухсора ду сол боз номзади ака-Махдум аст ва аз рӯи анъанаи ниёгон духтари бафотиҳаро дер нигоҳ доштан хосият надорад ва мардум дар ҳаққи чунин духтар гапҳои зиёд мебофанд. Ака Махдум, ки адиби донишманду ходими давлатии батадбир аст, дар боби хушбахтии худ бо Рухсора ягон чораю тадбир ёфта наметавонад, танҳо дилаш барои Рухсора сахт месӯзад ва аз ин доимо ғамгин мегардад.

Аммо вақте ки Рухсораи беморро ба ҳавлии Махдумино оварданд, кашолакории Махдум қатъ мегардад, на танҳо дар ҳавлӣ як нафаси тоза ва гарм пайдо шуда, тапиши набзи Махдумро дучанд намуд, балки дили Махдумро бақувват, рӯҳи ӯро болидатар гардонид. Адиб аз мулоқоти Махдум ва Рухсора, он

пешина
аз 315
навбатӣ