Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

пурдард у алам ва муассиранд, пайдост, ки Аҳмади Дониш худ намедонист, ки то тасодуфи зиндагӣ ва ё зарурати зиндагӣ ба ҳар ҳол ғайри хоҳишу майлаш ба доираи аркони Арк ворид шудааст. Маҳз дар ҳамин ҷо хонанда ба андешае меафтад, ки вазифаи Аҳмади Дониш дар Арк наққошиву лаввоҳӣ мебошад, аммо фикру зикри ӯ бо он воқеаю масъалаҳо банд аст, ки ба касби ӯ тамоман дахл надорад. Ин ҳама беш аз пеш образи Аҳмади Донишро дар назари хонанда пурра ва барҷаста намуда, ӯро ба ҷои аввал ва маркази амалиёти роман мебарорад. Ҷанбаи психологӣ дар ҳамин андешаҳои танҳоӣ хеле назаррас аст.

Аҳмади Дониш дар роҳи Москва - Петербург аз тирезаи вагон берунро тамошо карда, завқ мебурд ва беихтиёр дар ёди Бухоро бедуд месӯхт» «...табиат дар ҷӯш аст, осмон дар чарх аст, рӯдҳо бозӣ мекунанд, баҳр дар туғён аст, аммо дар болои Бухоро як хоби гарон фурӯ омадааст ва ҳамаро ба пардаи хомӯшӣ пӯшидааст...»

Ин сӯзу гудози Дониш, ки тадриҷан ба исёни рӯҳ табдил меёбад, ниҳоят ба нуқтаи олӣ мерасад ва ҳатто дар сурати дастури дардҳо ифода меёбад: «Дирӯз, ҳангоме ки дар гунбади расадхона (Петербург - В.С,) ба сӯи осмон равзане кушода шуду пораи осмон бо зебоию ҳусни фусунғараш дар пеши назар омад, дар гӯшаи хаёли Аҳмад орзуе гул кард, ки кош дар фазои Бухоро низ чунин равзане кушода шаваду мардуми бехабари ин ҷо ҷаҳони навро бинанд... Ҳоло сухани Муллоҷон («Инҳо ҳама қудрати Худо» - В.С.)-ро шуниду боз ҳамон орзуи равзан ба хотираш омад. Маълум мешавад, ки на танҳо равзану рӯшноӣ, балки дидаҳои равшанбину ибратхоҳ ҳам лозим будааст. Кӣ медонад, шояд ҳамин Муллоҷонҳо, Ширинҳоҷаҳо буданд, ки дар асрҳову қарнҳо мардумро ба таълими илми ҳақ тарки омӯхтани асбобу василаҳои зиндагию ҳаёт тарғиб намуда, онҳоро кӯру мурдадил

пешина
аз 315
навбатӣ