Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
Р. Ҳодизода ин ҷо аз «табассумҳои» Дониш хун мегиряд, касофатҳои Бухороро бадном ва бадбахт кардаро на танҳо фош мекунад, балки сабаби ба ҷаҳаннам афтодани онро равшан мекунад.
«Аҳмад вақте назди Муллоҷон омада буд, мехост ба рӯи ин арбоби давлат, ки пеши аъёну ашроф ва аркони давлатии Русия нодонӣ, ҷаҳолат, беҳунарӣ ва ноҷории ҷамоаи ҳокими бухориёнро пӯсткандаву ошкор кард, ҳар чи суханҳои тунду талх гӯяд, тамоми он нафрату ҳасратро, ки дар ин чанд моҳ дар синааш чун хунобай ҷароҳат ҷамъ омада буд, пеши ӯ резад, дарду аламашро таскин диҳад. Ӯ мехост ин сипари зангзадаи пӯсидаро бо гурз дарҳам шиканад, аммо мушти вай ба кӯлухе хӯрд, ки садое аз он набаромад, балки хоку ғубор шуду чашми ӯро тира кард ва роҳи нафасашро гирифт».
Р. Ҳодизода барои он ки шиддати тасвираш дучанд шавад ва зеҳну шуури шарикдарсону шарикдардони Аҳмади Донишро ба ҷунбиш оварад, фоҷиаҳои Бухороро дар ҳузури онҳо ва бо «иштироки» онҳо нишон медиҳад, яъне бадбахтии аҳли миллат бо тамоми ҷузъиёташ дар чашми онҳо ба «ҷилва» меояд:
Дониш «- Охир ин адолат нашуд-ку! Аморат агар ба адолат асос ёфта бошад, аморат аст, аз рӯи зулм бошад – вай ҳокимияти шайтон аст, тақсир!»
Савдо. «Аз ин кӣ пеши амирамон гап зада метавонад, тақсир!»
Дониш. Мову Шумо бояд ба амир гӯем! Агар хомӯш бошем, мо ҳам ба ин гуноҳҳо олуда мешавем!
Савдо. Барои ин ҷуръат лозим, тақсир!..
Дониш. Дарвоқеъ аксари беназмию беинсофиҳо аз ҳамин беҷуръатии мо мехезад».
Ҳати чоруми таҳқиқи бадеии рӯйдодҳои таърих дар андешаҳои танҳоии қаҳрамони асосии роман ба таври барҷаста таҷАССУМ уфтодааст. Аз ин андешаҳо, ки хеле

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё