Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа
(с. 1957), «Асарҳои мунтахаб»-и Аҳмади Дониш (с. 1959), «Саёҳат аз Бухоро ба Петербург» (1960), «Аҳмади Дониш», (1967), «Адабиёти тоҷик дар ними II асри XIX» (1968), «Сапедадам», (повест доир ба Дониш, 1970), «Ситорае дар зулмот» (сценария барои филми бадеӣ доир ба Дониш, 1971) аз калонтарин корҳои таълифнамудаи ӯ мебошад. Ҳамин тариқ, қариб 35-соли умри Р. Ҷодизода ба омӯзиш ва нигориши мавзӯи мазкур сарф шудааст. Ин заҳмату муҳаббати дерин Р. Ҷодизодаро ба эҷоди романи «Ситорае дар тирашаб» овард.
Роман замони ба Русия наздик шудан ва ниҳоят ба он ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна, яъне иртиботи иқтисодиву сиёсии байни Бухоро (на тамоми Осиёи Миёна) ва Русия, таърихи тадриҷан ба ҳам наздик шудан, ҳамдигарро шинохтан ва бо такозои рӯзгор ва таърих ба ҳам дӯст гардидани халқҳои тоҷику русро фаро гирифтааст. Р. Ҷодизода Аҳмади Донишро дар маркази рӯйдодҳои ин марҳилаи таърих мегузорад. Пайдост, ки Аҳмади Дониш муҳити зулматбори Бухороро тағйир доданист. Вагарна дар «Наводирулвақоеъ» ба чунин хулоса намеомад: «Ба далоили офоқӣ ва зуҳури аломати самовӣ таҷдиди миллат аст ва яҳтамил, ки то санаи 1313 (1897 мелодӣ - В. С.) тағйиру табдили куллӣ дар аҳволи олам воқеъ шавад».
Ин хулосаи куллӣ Дониш аз мушоҳидаҳои дерин ва исёнидилу рӯҳи вай дар муқобили манғитиён, ки Бухорои Шарифро бо таъбири адабиётшинос А. Девонақулов, - «ба лонаи чуғзу халқи онро ба пӯсткандаи гургхӯрда табдил дода» буданд, сар задааст. Ва ниҳоят сафари ӯ ба Русия (с. 1857) хулосаи болоро боз ҳам пурқувваттар намуд, зеро вай ба тавассути ҳамин сафар муҳити берун
1 А. Девонақулов. Инсон олами кабир аст. Газетаи «Адабиёт ва санъат», 1984, № 13, 26 апрел, с. 14-15

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё