Зеҳн
Ёдномаи Расул Ҳодизода (ба ифтихори 90-солагӣ)

Китоб ба ҳаёт ва фаъолияти адабию илмии олими барҷастаи тоҷик Расул Ҳодизода бахшида шудааст. Дар он мақолаҳо ва хотираҳои ҳамкорон ва шогирдон гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 315 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ваҳӣ САМАД

ДОСТОНИ СИТОРАИ САҲАРӢ

Як рӯйдоди табиист, ки ману ҳамсолонам Аҳмади Донишро барои худ маҳз ба тавассути навиштаҳои Р. Ҳодизода кашф кардем. Ҳар қадар ки ба камол мерасидем, ба олами пурсӯзу гудоз ва пурдарду алами Аҳмади Дониш сар медарвардем, хизматҳои Р. Ҳодизода барои мо боз ҳам барҷастатар ҷилванамоӣ мекард. Маҳз аз таълифоти Р. Ҳодизода фаҳмидем, ки устод Айнӣ ҳанӯз 1920* доир ба Аҳмади Дониш аввалин қадам ва қалам зада, сурату сирати пурҷозиба ва боназокати ин марди шарифи миллатро барои мо кашф карда будааст. Ва дуюмин касе, ки ба тадқиқи осору афкори А. Дониш иқдом намуда, мулоҳизаҳои С. Айниро давом ва инкишоф додааст (соли 1935), Ҳ. Мирзозода мебошад. Баъди ин донишшиносӣ пуркувват шуд ва беҳтарин ворисони Дониш аз зумраи Б. Ғафуров, С. Улуғзода, А. Баҳоваддинов, З. Раҷабов, А. Мирзоев, Н. Маъсумӣ, М. Шукуров, К. Айнӣ ва дигарон дар омӯхтан ва тадқиқи паҳлӯҳои алоҳидаи ҳаёт ва эҷодиёти Дониш камари ғайрат бастанд. Р. Ҳодизода нигоришоти устодону ҳамсолони худро бо ҳавсала ва мӯшикофиҳои тамоми омӯхта, ба хизматҳои илмӣ ва адабии онҳо бамаврид баҳо дод ва ноқисиҳои таълифоти пешиниёнро ислоҳ ва мукаммал намуд.

Р. Ҳодизода то таълифи романи «Ситорае дар тирашаб» кори зиёдеро доир ба омӯзиш ва тадқиқи рӯзгор ва осору афкори Дониш ба анҷом расонидааст. «Сарчашмаҳо барои омӯхтани адабиёти тоҷик дар нимаи II асри XIX» (с. 1954), «Порчаҳо аз «Наводир-ул вақоеъ»


  • Ин сана он қадар саҳеҳ нест.
пешина
аз 315
навбатӣ